Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда соҳиби таҷҳизот ва техникаи замонавии наҷот шуд

Воҳидҳои наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  соҳиби таҷҳизот ва техникаи замонавии ҷустуҷӯву наҷот  шуданд. Таҳвили шумори азими таҷҳизот бешак зарфиятҳои хадамоти наҷотро боло мебарад ва чуноне Раиси Кумита дар маросими таҳвили техника гуфт, сабабгори наҷоти ҷонҳои зиёд ва осон шудани заҳмати наҷотдиҳандагон мегарданд.

23-уми майи соли равон барои воҳидҳои вокуниши Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон теъдоди азими таҷҳизоти нави ҷустуҷӯ ва наҷот, техникаи вазнин дастрас шуд.  

Таҳвили техника дар доираи татбиқи лоиҳаи “Таҳкими зарфиятҳо оид ба омодагӣ ва вокуниш”, ки моҳи августи соли 2016 миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар чаҳорчӯби Хазинаи Трастии Барномаи рушди СММ имзо шуда буд, ҳамчунин созишномаи дуҷонибаи ҳамкориҳо бо Созмони ҷаҳонии мудофиаи гражданӣ, Раёсати Комиссариёи олии СММ дар кори паноҳандагон ва Агентӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ ва рушд (АКТЕД) сурат гирифт.  

Дар миёни таҷҳизоти ҷустуҷӯиву наҷот ва техникаи вазнин, ки ба Кумита таҳвил гардид, сару либос ва таҷҳизоти махсус  барои наҷотдиҳандагон, заврақҳо, симпечҳо (лебёдка), таҷҳизоти рӯшноидиҳанда (бурҷҳои шабакавӣ) барои наҷотбахшон,  плоттер (таҷҳизот  барои нақшакашии автоматии дақиқ) оид ба нақшабардорӣ барои шуъбаҳои иттилоотиву таҳлилӣ, ратсия ва телефонҳои маҳвораӣ, ҳамчунин дастгоҳҳои парвозкунандаи бидуни сарнишин  барои дарёфти саривақтӣ ва дақиқи иттило оид ба ҳолати системаҳои табиату саноат, пешбинии вазъ ва қабули қарорҳои саривақтии алоқаманд ба пешгирӣ аз оқибатҳои эҳтимолии ҳолатҳои фавқулодда вуҷуд доштанд.  

 Дар маросими таҳвили техника Раиси Кумита, генерал-лейенант Рустам Назарзода, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон ҷаноби Игор Лякин-Фролов, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷопон дар Тоҷикистон Ҳаҷиме Китаока, Ҳамоҳангсози доимии СММ, Роҳбарои Барномаи Рушди СММ Пратибҳа Меҳта, Директори кишварии Барномаи Рушди СММ дар Тоҷикистон Ян Ҳарфст, сарвари Созмони байналмилалии Салиби Сурх дар Тоҷикистон, Намояндаи Барномаи ҷаҳонии Озуқаи СММ дар ҶТ, Агентии Оғохон оид ба Хабитат, Агентии ҷопонии ҳамкориҳои байналмилалӣ (JICA), Бонки Осиёии Рушд, Дафтари намояндагии Швейсария оид ба  ҳамкориҳо дар Тоҷикистон ва дигар  созмонҳои байналмилалии муқими кишвар ҳузур доштанд. 

Сарвари КҲФ дар суханронии худ ба шарикон барои таҳвили техникаи нав изҳори сипос намуд ва қайд кард, ки ин техника бешак барои наҷоти ҷонҳои зиёд, осон кардани заҳмати наҷотдиҳандагон мусоидат хоҳад кард. 

Баъди суханрониҳо маросими имзои санадҳои таҳвили техника баргузор гардид.

барчасп: