Омодагӣ ба тобистон. Маъмулан дар фасли тобистон дар назди махзанҳои об бештар наврасони кӯдакон дида мешаванд. Месазад дар остонаи вуруди тобистон бо роҳандозии сислисламулоқотҳо онҳо ба қоидаҳои рафтор дар ҳолаҳои фавқулодда ошно карда шаванд.
Омӯзгорони Маркази омӯзишӣ-методии ҷумҳуриявии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хонандагони синфҳои шаши муассисаи таълимои миёнаи рақами 45 шаҳри Душанбе дар мавзӯи чораҳои бехатарӣ дар ҳолатҳои гуногун ва малакаҳои истифодаи донишҳои худ дар амал дар мавсими тобистон дарсҳои омӯзишӣ гузарониданд.
Дар ҷараёни мулоқот хонандагон бо чораҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои об, истироҳат дар табиат, ҳангоми мулоқот бо ҳайвонҳои ваҳшӣ дар боғҳои ҳайвонот, ҳамчунин риояи қоидаҳои бехатарӣ бо саги ношинос ва беморро омӯзониданд.
Ҳамчунин бо забони содаву осон ва ривишҳои наздик ба дарки хонандагони ин синну сол онҳоро бо қоидаҳои дурусти муносибат бо рустаниҳои ношинос, гулҳо, занбӯруғҳо, ки метавонанд сабабгори заҳролуд шудан гарданд, ошно карданд.
Бо хонандагон дар шакли саволу ҷавоб озмуни “Доноён” роҳандозӣ карданд. Ин имкон дод, ки сатҳи омодагии бачаҳо ба мавсими тобистон муайян карда шавад ва дар поёни мулоқот ба ҳамаи онҳо варақаҳои таблиғотӣ оид ба қоидаҳои бехтарӣ дар об ва китобчаи “Қоидаҳои рафтор ҳангоми ҳолатҳои фавқулодда”, ки аз ҷониби мутахассисони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тартиб дода шудааст, тақсим карда шуданд.