Дарсҳои амалӣ дар Шаҳринав

Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳои омодагӣ ба мавсими тобистонӣ бо сокинони ҷамоати  “Боғистон”-и ноҳияи Шаҳринав дар пойгоҳи муассисаи таълимии миёнаи рақами 10 дарси омӯзишӣ гузаронида шуд, ки дар он 30 нафар сокинони калонсол ва 45 нафар аз ҷумлаи хоандагони мактаби ёдшуда ширкат карданд.

Дар ҷараёни дарсҳо ба шунавандагон қоидаҳои рафтору амал дар об ҳангоми оббозӣ омӯхта шуд. Усулҳои расонидани ёрии аввалини тиббӣ ба ғарқшудагон тамрин шуд. 

Қайд гардид, ки нақзи қоидаҳои бехатарӣ дар об бисёр вақт ба оқибатҳои фоҷеабор оварда мерасонад. Чунончӣ, дар кишвар аз соли 2017 то ин дам 34 ҳодисаи дар об ғарқ шудани одамон ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин, кормандони Маркази таълимӣ-методии КҲФ нақл карданд, ки як мушкилоти дигаре, ки бештар вақт ба ҳодисаҳои ногувор оварда мерасонад, ин вайрон кардани қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми  истироҳат дар табиат, вақти чаронидани чорво дар кӯҳҳо ва ҷамъоварии гулҳо ва алафҳои доругӣ мебошад. 

Дарсҳо бо усулҳои баҳс, викторинаҳо ва тартиб додану навиштани ҳикояҳо аз рӯи расмҳо дар мавзуъи “бехатарӣ дар об” гузаштанд. Ҳамчунин барои шунавандагон қоидаҳои рафтор, равишҳои гуногуни расонидани кумакҳои аввалияи тиббӣ ба зарардидагон омӯзонида шуданд. 

Зикр гардид, ки танҳо риояи ҳамаи қоидаҳои бехатарӣ инсонҳоро аз ҳодисаҳои нохӯш эмин нигоҳ медорад.

барчасп: