Боронҳои шадид муҷиби омадани сели азим дар ноҳияи Фархор шуданд. Деҳаи Сурхоб дар ин ноҳия аз сел бештар зарар дид, як сокини 25-сола ҷони худро аз даст дод. Гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарвари муовини аввали Раиси Кумита дар минтақаи офатзада фаъолият дорад. Сарбозони қисми ҳарбии КҲФ барои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ба минтақа эъзом шудаанд.
18 – уми майи соли 2018 бар асари боронҳои шадид дар деҳаи Сурхоби ноҳияи Фархори вилояти Хатлон сели азим омад, ки дар натиҷа заминҳои наздиҳавлигии сокинон зери об монд. Аммо лойқаи сел бештар ба заминҳои кишти зироати кишоварзӣ зарар расонд. Аҳолии деҳа муваққатан ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.
Барои ташкили корҳои бартарафсозии оқибатҳои ин офати табиӣ таҳти сарварии муовини аввали Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-майор Рустам Шоҳиён гурӯҳи корӣ созмон дода шуд ва ин гурӯҳ ҳоло дар ноҳияи Фархор қарор дорад. Барои тоза кардани манотиқи селзада аз техникаи махсус истифода мешавад.
Бо мақсади роҳандозии корҳои тозакунӣ дар деҳаи офатзада сарбозони қисми ҳарбии КҲФ дар вилояти Хатлон сафарбар шудаанд. Мақомоти ноҳия чораву тадбирҳои лозимро барои дар кутоҳтарин фурсат бартараф сохтани оқибатҳои офат меандешанд, қувва ва воситаҳои мавҷуда равона шудаанд, ба зарардидагон кумак расонида мешавад.
Мутаассифона, дар ин офати табиӣ як сокини 25-солаи деҳа аз беэҳтиётӣ ба ҳалокат расид.
Барои муайян намудани зарари расида Комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Фархор ба корҳои худ идома медиҳад.