Дарсҳои аввалин барои наваскарони қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда шуруъ шуданд
Чоп шуд: 21/10/2017 | admin
Дар қисмҳои ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ дар ноҳияи Рашт дарсҳои аввалин барои наваскарон баргузор гардиданд.
Дар аввалин машғулият ба наваскарон дар бораи таърихи мудофиаи гражданӣ, таъсиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда, ҳадафҳо ва вазифаҳои Кумита маълумот доданд.