Бо мақсади пешгирӣ ва коҳиши ҳолатҳои эҳтимолии сел ва обхезӣ дар мавсими зимистониву баҳории соли 2018, ҳамчунин татбиқи қарори ҷаласаи коллегияи КҲФ аз 6-уми январи соли 2018 оид ба роҳандозии корҳои иловагии соҳилмутаҳкамкунӣ кормандони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд дар як қатор шаҳрҳо ва ноҳияҳои вилоят корҳои соҳилбандӣ баргузор карданд.
Кормандони Раёсат дар минтақаҳои хавноки дарёҳо, сойҳо ва каналҳо, ки дар қаламрави шаҳрҳои Гулистон, Исторавшан, Исфара, Канибодам, ноҳияҳои Бобоҷон Ғафуров, Спитамен, Ҷ. Расулов, Куҳистони Масчо, Ашт ва Шаҳристон ҷойгиранд, даст ба корҳои соҳилбандиву соҳилмутаҳкамкунӣ заданд.
Ин чорабинии пешгирикунанда дар ҳамкорӣ бо намояндагони ҳакимияти маҳаллӣ ва кормандони масъули “Тоҷиксуғурта”-и вилоят гузаронида шуд.
Ҳамчунин ба корҳои соҳилбандӣ ва тоза намудани ҷӯйборҳову каналҳо аҳолии маҳалҳо ҷалб гардиданд.
Ҳадафи дигари ин чорабинӣ ва ин талошҳо ҳамзамон аҳолии минтақаҳои лаби об ва минтақаҳои селхезу хатарнокро огоҳ намудан аз офатҳои эҳтимолӣ, омӯзиш додани онҳо барои вокуниш дар чунин ҳолатҳо ба хотири коҳиши хатари офот буд.
Роҳандозии ин гуна корҳо муҷиби ҷалби ҳамагонӣ ва ба ҳам овардани қувваву воситаҳо хоҳад буд.