Activities calendar

19 феврали 2018

Ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткардаи ширкати ҳавопаймоии “Осмон” шуруъ шудааст

Аз субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон”, ки субҳи рӯзи якшанбе аз фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон парвоз карда буд, оғоз шудааст. Ҳасани Руҳонӣ- Раисиҷумҳури Эрон дар паёми тасаллиятии худ гуфт:  “Сониҳаи талхи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Осмон, ки мунҷар ба ҷон бохтани иддае аз ҳамватанони азиз шуд,

Барқияи тасаллият ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Доктор Ҳасани Рӯҳонӣ барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,
Фоҷеаи ҷон бохтани мардум бар асари суқути ҳавопаймои

Мехост майнаро дорад, вале худ ба дудбарои 32-метра фурӯ рафт

Завқи шикори майнаҳо бародаронро ба боми корхонаи тавлиди орд боло кард. Ҳангоми таъқиби онҳо яке аз бародарон ба дудбарои 32-метраи корхона фурӯ рафт ва агар кормандони наҷоти Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда сари вақт ба кумак намерасиданд, ин шавқу завқи шикори майна метавонист ба фоҷеа анҷомад.
18 – уми феврали соли 2018 ду бародарон аз деҳаи Зархези

НАЗАРЕ БА ТАБИАТИ ТЕРРОР ВА ТЕРРОРИЗМ

НАЗАРЕ БА ТАБИАТИ ТЕРРОР ВА ТЕРРОРИЗМ

«Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Садамаи маргбори мошин сабабгори марги ду нафар ва захмӣ гаштани шахси сеюм шуд

Бар асари як садамаи маргбор, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа рух дод, ду нафар ба ҳалокат расиданд ва шахси сеюм бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд. Дар бартарафсозии оқибати ин садамаи марговар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд. Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳоро боло набаранд ва ҷони худ ва ҳамсафарони

Таъсиси гуруҳҳои ихтиёрии наҷот дар ноҳияи Восеъ

Дар 8 ҷамоат ва 8 рустои ноҳияи Восеъ барои омодагии мардуми маҳал ба вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодаву офатҳои табии эҳтимолӣ гуруҳҳои ихтиёрии наҷот ташкил ва аз ҳисоби як тарҳи муштарак бо созмонҳои байналмилалӣ бастаи таҷҳизоти махсус ҷиҳати роҳандозии чорабиниҳои садамавиву наҷот супурда шуд.
Бо мақсади татбиқи вазифаҳои гузоштаи роҳбарияти Кумитаи