НАЗАРЕ БА ТАБИАТИ ТЕРРОР ВА ТЕРРОРИЗМ

НАЗАРЕ БА ТАБИАТИ ТЕРРОР ВА ТЕРРОРИЗМ

«Дар арсаи байналмилалӣ то ҳол таърифи ягонаи мафҳумҳои «терроризм» ва «террорист» вуҷуд надорад, ки ин ҳолат ба истифодаи меъёрҳои дугона ва духӯрагиву гуногунфаҳмиҳо мусоидат карда истодааст. Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон, 22 декабри соли 2017

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба мақоми олии қонунгузор дар қатори инъикоси дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз зарурати ислоҳоти иқтисодӣ, рушди рукни низоми давлатдорӣ ва баъзе мушкилоти олами муосир, камбуду норасоиҳои ҳаёти иҷтимоӣ сухан ронда, чанд маротиба аз таҳдиди зуҳуроти манфии терроризм ба ҳаёти осоиштаи мардум ёдрас шуданд. Пешвои миллат тағйирпазирии ин зуҳуроти манфиро вобаста ба шароит ва тағйирёбии манфиатҳо махсус таъкид намуданд.

Дарвоқеъ, дар шароити тағйирпазирии арзишҳо, дар замони ҷаҳонишавии манфиатҳо, суиистифодаи ғаразнок ва ҳадафманди ин зуҳуроти манфӣ аз ҷониби неруҳои гуногуни сиёсӣ афзун мегардад ва рӯ овардани бозигарони майдони сиёсии олам ба ин амали мудҳиш ва зишт ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳои нопок дар шаклҳои гуногун сурат мегирад. Терроризм ҳамчун воситаи расидан ба мақсадҳо бо симмати нав ва симои дигаргун муаррифӣ гашта, дар байни аҳли сиёсат зери бори ғаразу манфиатҳо худро пинҳон карданист, ки ин ҳолат дар олами илми ҷиноятӣ шинохти дақиқ ва баҳодиҳии воқеии онро бамаротиб душвор гардонидааст. Ҳодисаҳои тавлиди Толибон дар Афғонистон, неруҳои муқобили режими давлатдории Асад дар Сурия ва ниҳоят, пайдоиши ҷинмонанди Давлати исломӣ дар миёни кишварҳои Ироқу Сурия, гувоҳи гуфтаҳои болост. Ҳамчунин, террористони ҷумҳуриҳои Қафқози Россияро ҳамчун озодихоҳон шарҳ додани иддае аз сиёсатмадорони ғарбӣ шакли нави эътирофи амалҳои террористӣ дар дипломатияи ҷаҳонист.

Албатта, ҳеҷ манфиат, ҳеҷ ғараз ва ҳеҷ як неруи сиёсӣ, ки дар ҳаёти инсон зуҳур менамояд, аз назари ахлоқи башарӣ ва қонуни умумии адл ин зуҳуротро ҳодисаи мусбат ва сазовори рафтори инсонӣ дониста наметавонад ва вобаста ба ин Президенти мамлакат ҳақиқатнигорона таъкид намуданд: «Мо бояд ҳамеша дар назар дошта бошем, ки терроризм ва террористро ба худӣ ва бегона, ашаддӣ ва ислоҳгаро ё хубу бад ҷудо кардан мумкин нест. Баръакс, тавре ки ман борҳо таъкид намуда будам, террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад.» Онҳое, ки дар сиёсати байналмилалӣ бо ҳар роҳу восита дастандаркорони иддае аз чунин ҳодисаҳои манфур гашта, намояндагони онро ҳамчун муборизони роҳи ҳақ муаррифӣ менамоянд, бояд аз ин зовия дуруст андеша кунанд ва ҳеҷ гоҳ аз хотир набароранд, ки ҳеҷ неъмат, ҳеҷ арзиш ва ҳеҷ манфиат ва қудрат болотар аз қадр ва манзалати инсон буда наметавонад. Ҳама неъматро дастрас намудан мумкин аст, ҳама вайронаро обод кардан имкон дорад, ҳатто масҷиду каъба агар вайрон шавад, бо дасти инсонӣ аз нав сохта мегардад, вале умри бармаҳал кандашудаи инсонро касе аз нав баргардонида наметавонад. Аз ин рӯ, ҳақ ба ҷониби Президенти кишвар аст, ки «террорист ватан, дин, мазҳаб ва миллат надорад».

Чанд вақт қабл аз қаринаи тадқиқоти илмӣ мо дар атрофи ин зуҳуроти манфур изҳори назар намуда будем. Бо дарназардошти он ки дар шароити муосир ин зуҳурот шаклҳои нав гирифтааст ва Пешвои муҳтарами миллат аз он ҳамчун таҳдиди глобалӣ ёдрас шуда, изҳори нигаронӣ намуданд, зарур шуморидем бори дигар ба табиати ҳуқуқии он, омилҳои тавлид­кунанда ва қисматҳои таркибиаш дидаи таҳқиқ дӯзем, зеро баррасии рукнҳои ин зуҳуроти манфӣ, дар маҷмӯъ, дар шинохти воқеии оқибатҳои манфии он кумак намуда, имкони истодагарӣ ва мубориза бо онро осон менамояд.

Истилоҳи терроризм аз ду қисмат — аз калимаи лотинии «terror» («террор» «тарс», «ваҳшоният»)  ва суффикси исмсози «изм», ки ба исмҳои мардона сифати ҷараён, самт ва ба раванди ҳодисоти дар решаи онҳо мавҷудбуда табдил ёфтанро зам менамояд, иборат аст. Мисол, сталинизм, фрейдизм, исломизм, архаизм. Дар ибтидо дар муборизаи байниҳамдигарии инсонҳо террор эҳтимол бо мақсади тарсонидан ва ба таҳлука андохтани рақибон ва аҳли ҷомеа, дар шакли зӯрии ҷисмонӣ ва то несту нобуд кардани онҳо истифода мешудааст. Аммо, баъдан, бо пайдоиши нахустин давлатҳо, ба назари олимон террор ҳамчун усули ба мақсад расидан дар муборизаи сиёсӣ бо таҳдиди истифодаи зӯроварии ҷисмонӣ ва маънавию руҳӣ зуҳур карда, навъҳои мухталифи худро касб кардааст.

Имрӯз бошад, терроризм ба масъалаи глобалии замони муосир, воситаи муассири тарсондани инсон, неруи манфии вайронкунандаи низомҳо, унсури нодурус­ти расидан ба мақсадҳо, таҳдиди ҷиддӣ ба фарҳангу тамаддунҳо, ҷаҳон ва ҳар давлати демократӣ, аз ҷумла ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мубаддал гаштааст. Ин боис шудааст, ки дар баробари илми ҳуқуқи ҷиноятӣ ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои ҷаҳон ба думболи ҷустуҷӯйи воқеият ва табиати аслии ин зуҳуроти манфӣ гаштаанд. Ибтидои муқовимат ва истодагарӣ бо ин зуҳуроти манфӣ, ки рӯзафзун чун тори анкабут низому тартиби ҷаҳониро бо шаклу навъ­ҳои мухталиф печидааст, албатта, ин шинохтан ва эълон кардани аслияти он мебошад, зеро душманро нашинохта, бо ӯ мубориза бурдан номумкин аст.

Дар ҳуҷҷатҳои Созмони Милали Муттаҳид (СММ) ду намуди терроризм маънидод мешавад:

– якум, терроризм бо мақсадҳои сиёсӣ ном дорад, ки мақсад аз он дигаргун сохтани сохти давлатдорӣ, низоми ҷамъиятӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, воҳима андохтан ба фаъолияти мақомоти давлатӣ, пайдо кардани нобоварии халқ нисбат ба ҳукумат ва президент, фалаҷ гардонидани фаъолияти сохторҳои мақомоти давлатӣ мебошад.

– дуюм, терроризми ҷиноятист, ки бо истифода аз он гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккил барои содир кардани ҷиноят шароит фароҳам меоранд. Масалан, тавассути ҷиноятҳои трансмиллии бо муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор алоқаманд ва ғайра. Дар самти иқтисодиёт гурӯҳҳои ҷинояткор бо истифодаи террор рақибони худро метарсонанд ва диққати мақомотеро, ки ба ҷиноятҳои муташаккил сарукор доранд, ба дигар ҳодисаҳо ҷалб менамоянд.

Азбаски ин ду намуди терроризм ба якдигар алоқаманданд, ташкилоти террористӣ гурӯҳҳои ҷинояткори муташаккилро дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъа­овар, харидуфурӯши силоҳ, ҷиноятҳои трансмиллӣ истифода мебаранд ва ҳатто бо пулу силоҳ ва моддаҳои нашъа­овар таъмин мекунанд. Ташкилоти террорис­тии байналмилалӣ бо якдигар тавассути шабакаи интернет ва дигар воситаҳо ҳамкорӣ мекунанд.

Олимону коршиносон оид ба сабабҳои пайдоиши терроризм ва рушд гирифтани он дар замони нав як қатор кори тадқиқотиро ба анҷом расонидаанд. Хулосаи умдаи онҳо ин аст, ки фаъолияти террористонро ҳеҷ вақт ва дар ҳеҷ сурат ҳимоят кардан лозим нест. Аммо худи ҷинояткорону террористон ва гурӯҳҳои манфиатдори сиёсӣ барои собит кардани ҳаққонияти худ ба дифои якдигар баромада, аз амалҳои террористии ҷудогона дастгирӣ менамоянд. Масалан, террорис­тони покистонӣ террористони Ирландияи Шимолӣ ва Индонезияро ҳамчун гурӯҳҳои озодихоҳ, ки барои ватан ва озодии миллат мубориза мебаранд, маънидод мекунанд. Ё амалиёти курдҳо дар Туркия ва Ироқ низ ба ҳамин тартиб ба чанд маъно шарҳ дода мешаванд. Амалҳои тахрибкоронаи онҳо дар асл аз назари табиати содиршавиашон, албатта, терроризми сиёсӣ ба ҳисоб мераванд, ки тавассути онҳо одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва ҷомеа зарари иқтисодӣ мебинад.

Фарқи терроризми ҷиноятӣ аз терроризми сиёсӣ дар он аст, ки гурӯҳҳои муташаккили ҷинояткор барои муташанниҷ гардонидани вазъ ва содир кардани ҷиноятҳои дигар, масалан барои амали террористӣ шароит муҳайё сохта, ба ин васила диққати мақомоти дахлдорро ҷалб мекунанд. Аммо дар ҳар ду сурат мақсади онҳо зарба задан ба сохти давлатдорӣ, заиф гардонидани пояҳои бехатарии давлат ва шубҳа андохтан дар дили мардум мебошад. Дар ҳар ду ҳолат ҳам аҳолии бегуноҳ зарар дида, амнияти ҷамъиятӣ халалдор мегардад. Азбаски ташкилоти террористӣ бо ҳам иртиботи қавӣ дошта, яке аз воситаҳои асосии зуҳури ҷиноятҳои муташаккил ба ҳисоб мераванд, кумаки иқтисодии онҳо ба воситаи ҷиноятҳои трансмиллӣ таъмин карда мешавад. Гурӯҳҳои муташаккил гардиши ғайриқонунии маводи нашъадорро зери назорат мегиранд.

Дар ҷаҳони муосир усулҳои нави террор бо суиистифода аз «террористони худкуш»-и мардон ва занон — «шаҳид» ё ин ки «фидоиён» васеъ паҳн гардида истодааст. «Террорис­тони худкуш» бо фаъолияти тахрибкорона аввалан дар давлатҳои араб ва баъдан дар тамоми ҷаҳон паҳн гардида, мавқеи худро ҳамчун силоҳи таъиноти стратегӣ муайян кардаанд.

Акнун ҷиҳати шинохти истилоҳи террорист, дар навбати аввал, бояд мафҳуми «террористи худкуш»-ро дуруст дарк кунем. Дар илми ҳуқуқи ҷиноятӣ калимаҳои ба ин мафҳум монанд вуҷуд доранд, аз қабили «терроризм бо роҳи худкушӣ», «терроризми қурбонӣ», «камикадзе», «шаҳид» ва ғайра.

Терроризм бо роҳи худкушӣ имрӯз дар баробари паҳн гардидан дар мамолики дунё боз ба худ заминаи ғоявии устувор пойдор кардааст. Дар шароити муосир гурӯҳҳои муташаккил, ки ба шохаҳои гуногуни иртиҷоӣ тақсим мешаванд, бо истифода аз усулҳои террор ба марому мақсадҳои худ ноил мегарданд. Яъне, мо бо ҳодисаҳои омехтаи ҷиноятӣ рӯ ба рӯ мешавем, ки дар таркиби он аломатҳои чанд ҷиноят мавҷуд аст.

Амалҳои террористие, ки аз тарафи террористони худкуш содир карда мешаванд, якчанд хусусиятро доро мебошанд:

1. Оқибати амали терро­ристӣ дараҷаи махсуси хавфнокӣ дорад.

2. Бениҳоят мураккаб будани пешгирӣ ва огоҳонидан аз чунин навъи ҷиноятҳо. Тавре таҷрибаи байналмилалӣ нишон медиҳад, пешгирӣ намудани ҳамлаҳои террористони худкуш бениҳоят мушкил ва дар бештари маврид имконнопазир мебошад.

3. Амалҳои террористӣ аҳолиро ба тарсу ваҳм оварда, ба ҷомеа таъсири манфӣ мерасонад.

4. Террористи худкуш маводи таркандаро, одатан, бевосита бо ҳадафи мушаххас ба ҷойи лозима оварда, ба кор медарорад.

Бо фавтидани террористи худкуш баъд аз амали терро­ристӣ, ташкилкунандагони он дар бештари маврид пинҳон монда, роҳҳои тарк кардани ҷойи ҳодисаро барои иштирокчиён осон менамояд.

Аввалин маротиба Тоҷикистон соли 2010 бо чунин ҷиноят рӯ ба рӯ шуд. Сеюми сентябри соли 2010, соати 08.04 дақиқа террористи худкуш бо автомашинаи тамғаи «ГАЗ -24», рақами давлатиаш Н 71-66 02 РТ, ки бо маводи таркандаи навъи номаълум таҷҳизонида шуда буд, тавассути дарвоза вориди ҳавлии бинои Раёсати минтақавии мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шуда, автомашинаро якҷо бо худ тарконд. Дар натиҷа 9 нафар корманди шуъбаи мазкур ба ҳалокат расида, 23 нафари дигар бо ҷароҳати гуногун дар беморхона бистарӣ гардиданд. Аз тарафи мақомоти дахлдор дар рафти гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ муайян карда шуд, ки амали террористиро шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримов Акмал Қурбонович, соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, Ҷамоати деҳоти «Унҷӣ», кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 44, ки дар содир намудани ҷиноят бо моддаҳои 130 бо ишорати 1 (хариду фурӯши одамон) ва 244 (дуздӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кофтукови расмӣ қарор дошт, анҷом додааст.

Номбурда ҳангоми дар ҷустуҷӯ қарор доштан, ба иттиҳоди ҷиноятии «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон» шомил шуда, бо ёрии пешвоёни он ба Ҷумҳурии Исломии Афғонистон фирор карда, баъдтар дар манотиқи Афғонистон ва Покистон дар таълимгоҳҳои махсус таҷрибаомӯзӣ ва таҳсил намудааст.

Ҷиҳатҳои террористӣ бо роҳи худкушӣ имрӯз дар ҷаҳон на танҳо васеъ паҳн гаштааст, балки ба пойгоҳи мустаҳками ғоявие табдил ёфтааст, ки барои доимо пурра кардани сафҳои худ заминаи усулиро тайёр мекунад ва аз ҷониби ташкилоти террористӣ васеъ дастгирӣ меёбад. Барои ташкилоти террористӣ созмон додани барномаҳои махсус ҷиҳати носолим гардондани мафкураи ҷавонон, ба роҳ мондани тайёрии равонӣ ва таълими усулҳои ба марг гирифтор кардани онҳо аз назари эътиқодӣ ва боварҳо муяссар гардидааст. Ба ҳар як одами солимақл табиат савқи табиии муҳофизатӣ додааст ва барои доштани чунин савқ инсон бояд иродаи мустаҳкам дошта, тарбияи нек гирифта бошад.

Дар вақти амалиёти ҳарбӣ-тактикӣ ҷанговарон барои он ба худкушӣ даст мезананд, ки нуқтаҳои оташфишонии душманро нобуд созанд. Худро метарконанд, то ки ба асорат наафтанд ё ин ки дигаронро наҷот диҳанд, халқро аз асорат халос намоянд ва кӯшиш мекунанд, ки афсарони душманро нобуд созанд. Ҳангоми амалиёти террористӣ дар шаҳри Беслани Федератсияи Россия ҷанговарони қувваҳои махсуси ХФБ (ФСБ) Россия бо тани худ пеши гранатаҳои партофтаи террористонро гирифтанд, то ки аз пораҳои он кӯдакон – гаравгонҳоро ҳифз намоянд. Яъне, аз назари мақсад ва муҳтаво низ онҳо аз ҳам фарқ мекунанд.

Дар бисёр ҳолат террористони худкуш гумон намекунанд, ки пешакӣ ба қатори фавтидагон дохил кунонида шудаанд ва кӯркӯрона, бо хоҳиши дигар ашхос ба сифати «контейнер» ва восита барои даст­раскунии маводи тарканда ҳадафмандона истифода бурда мешаванд.

Зимни ташкили амалиёти террористӣ дар назди иҷрокунандаи он дар баъзе ҳолат вазифа гузошта мешавад, ки маводи тарканда ё борхалтаро дар ҷойи таъингардида ба дасти каси дигар супорад ё дар ҷойи муайяншуда гузорад. Дар бораи чизи дар дохили борхалтабуда мумкин аст ӯ хабар ҳам надошта бошад, бинобар он пешакӣ огоҳ кунонида ҳам намешавад, зеро тақдири ояндаи вай аллакай ҳал гардидааст.

Қарор дар бораи ба марг дучор гаштани террорист ба ақидаҳои динии идеологии ӯ вобаста мебошад. Чунин бовар метавонад дар одам худ аз худ дар асоси таҷрибаи ҳаётии ӯ ва вобаста ба ҳақиқати ӯро иҳотанамуда ба амал ояд ё ин ки ба ӯ ба таври мақсаднок аз берун бо роҳи технологияҳои монопулярӣ ворид карда шавад. Бо дарназардошти чунин омил, баъзе таълимоти динӣ пайравони худро аз ҷиҳати равонӣ барои муборизаи беамон дар роҳи хилофат омода ва нобуд месозанд. Мисоли ин ташкилоти экстремис­тию террористии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон буда метавонад, ки 3 сентябри соли 2015 бо суиқасди табаддулоти давлатӣ амалиёти террористӣ анҷом дод. Ин усул асосан барои ташкилоти иртиҷоӣ хос мебошад ва он сохти ташаккулёфта ва мустаҳками тайёр кардани террорис­тони худкуш маҳсуб мешавад. Онҳо аз сатҳи саводи пасти ҷавонон суиистифода намуда, ба ташкилоти террористӣ онҳоро ҷалб ва тарбия намуда, баъдан ба ғояи худ содиқ сохта, барои иҷрои амалҳои вайронкорона раҳсипор менамоянд.

Ташкилотчиён ва иштироккунандагони амалиёти террористиро, ки ба худнобудсозии иҷрокунандагони он оварда мерасонад, аз назари услуб, ташкили кор, банақшадарории амалиёт ва рафъи оқибатҳои кирдори ҷинояткорона метавон ба якчанд навъ тақсим намуд: фармоишгарон ва бо маблағ таъминкунандагони ин навъи амалиёти ҷиноятӣ; размандагон-роҳбарон; бартарафсозони иҷрокунандагони эҳтимолӣ; дастурдиҳандагон оид ба омодашавии рӯҳӣ; иҷрокунандагони ҳақиқӣ; назораткунандагони иҷрои амалиёти террористӣ; муайянсозони нақши иҷрокунандагон ва ғайра.

Ташкилкунандагони амалиёти террористӣ вазифаҳои иҷрокунандаро дар рафти интихоб ва тайёр намудани террористони худкуш тақсим мекунанд. Ин амалиёти ташкилии онҳоро вобаста ба субъектҳои ҷалбшаванда шартан ба гурӯҳҳои зерин ҷудо намудан мумкин аст:

1. Шахсони ба интихоби номзадҳо сафарбаргардида.

2. Ҷалбкунандагони номзадҳо барои амалиёти террористӣ.

3. Шахсоне, ки тайёрии рӯҳиро бо номзадҳо мегузаронанд.

4. Шахсоне, ки амалиёти террористиро бо иштироки террористи худкуш омода месозанд ва мегузаронанд.

Дар баробари ин, мутасаддиёни тайёрии амалиёти террористӣ метавонанд дар интихоби номзад, ҷалб ва тайёр намудани он бевосита ва ё бавосита иштирок намоянд (ин вобастагӣ дорад аз дигар омилҳо). Ба ғайр аз ин, ба сифати ҷалбкунандаи одамон метавонад шахсе баромад намояд, ки худ шахсан тайёр аст дар амалиёти террорис­тии худкуш иштирок кунад.

Барои тезонидани интихоби номзадҳои ба марг маҳкумшуда аз ҷониби ташкилоти террористӣ усулҳои гуногун истифода мешавад. Яке аз ҷойҳои аввалинро дар рӯйхати мазкур шаклҳои равонии бедоркунии ҳиссиёт ба марг ташкил медиҳад. Аксари вақт нарасидани воситаҳои ҳаёти солими шаҳрвандӣ, набудани дониши кофии дунявӣ ва динӣ, шароити моддӣ, зери таъсири ақидаҳои идеологӣ монондани ҷавонон дар ҷиноят боиси ба марг ҷалбкунии онҳо мегардад. Яъне, дар ин раванд ҳам омилҳои маънавӣ ва ҳам моддӣ нақши муайян мебозанд.

Дар бисёр ҳолат пешвоёни ташкилоти террористӣ ба ваъдаҳои молии дода вафо менамоянд ва бо истифода аз ин роҳу усул ба ҳайси террористи худкуш шахсони нав ҷалб карда мешаванд. Аз назари равонӣ ва эътиқодӣ омода кардани террористони худкуш ба омил ва шароите такя мекунад, ки дар маҷмӯъ заминаи мусоид барои истифодаи эътиқоду боварии ҷавонон муҳайё менамоянд. Ба фаъолияти экстремистӣ ва террористии чунин афрод метавонад чунин шартҳо мувофиқат намояд:

– гуногунии равандҳои динӣ бо ҳуқуқҳои афзалиятнок ба майдони муборизаи кашфи ҳақиқат баромада, масъалаҳои сиёсӣ ва маънавиро ба худ тобиш медиҳанд;

– паҳнкунии фаъолияти тоталитарӣ ва деструктивии равияҳои анъанавӣ, ки бо мурури замон ба талаботи умум ҷавоб намедиҳанд;

– маҳв кардани муносибатҳои одамдӯстӣ, эҳтиром ва таҳаммулгароӣ дар муносибат ба шахсоне, ки дигар ақидаҳоро дастгирӣ мекунанд;

– догматизм ва шахшавии андеша, ки боварии шахсиро ба ҳақиқат табдил додааст ва дар ин замина қабул накардани танқид ё дарднок қабул кардани он нисбат ба худ, ки ба истифодаи зӯроварӣ ва фишороварӣ рӯ меорад;

– думаъногӣ ва зиддияти як қатор матн­ҳои диние, ки барои маънидодкунии бемаврид заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Бештар шахсоне ба амалиёти террористӣ ҷалб мешаванд, ки гирифтори фанатизм шудаанд. Дар чунин ҳолат, дар рафти омӯзиши динӣ, бо содири фатво ё хоҳиши ба таври ихтиёрӣ бо боварии худ ба сӯи марг рафтан пайдо мешавад. Ин ҳолат аз ҷониби ташкилкунандагон ҳамчун туҳфа зуд дастгирӣ меёбад.

Шахсони гирифтори васвасаи террористӣ сатҳи маърифат ва маълумоти гуногун доранд: аз маълумоти нопурра то ба хатмкардагони донишгоҳҳои маъруф ва дорандагони дараҷаҳои илмӣ байни онҳо мавҷуд аст. Одатан онҳо ё бо ҳиссиёти зери таъсири воқеияти иҷтимоӣ қарор гирифта ва ё эҳтимоли норасоии равонӣ байни худ умумият доранд. Вале ҳақиқат дар он аст, ки тарз ва усули муносибати онҳо нисбат ба ҷомеа ғайриқонунӣ ва ваҳшиёна мебошад.

Фаъолияти террористӣ аз назари таркиб мураккаб буда, аз чунин қисматҳо иборат аст:

– ташкил, банақшагирӣ, тайёр кардан ва содир намудани амали террористӣ;

– иғво андохтан бо амали террористӣ, зӯроварӣ ба ашхоси воқеӣ ё маҷбур кардани ташкилот, несту нобуд сохтани молу мулк ва дигар объектҳои моддӣ бо мақсадҳои террористӣ;

– ташкили воҳидҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, иттиҳоди ҷинояткорӣ (ташкилоти ҷинояткорӣ), гурӯҳҳои муташаккил барои содир кардани амали террористӣ, ҳамчунин иштирок дар чунин амал;

– ҷалб кардану мусаллаҳ гардонидан, таълим додан ва истифода бурдани террористҳо;

– бо маблағ таъмин кардани ташкилоти террористӣ ё гурӯҳи террористӣ ва ё расонидани кумаки дигар ба онҳо.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардош­ти уҳдадориҳои байналмилалии ба зиммагирифтааш чунин фаъолияти террористиро фаъолияти террористии байналмилалӣ эътироф менамояд:

– амалиёт аз ҷониби террорист ё ташкилоти террористӣ дар қаламрави бештар аз як давлат;

– амалиёт аз ҷониби шаҳрвандони як давлат нисбат ба шаҳрвандони давлати дигар ё дар қаламрави давлати дигар;

– дар ҳолатҳое, ки ҳам террорист, ҳам ҷабрдидаи амали террористӣ шаҳрвандони як давлат ё давлатҳои гуногунанд, вале ҷиноят дар қаламрави ин давлатҳо содир шудааст (мисол, амали террористии дар ҳудуди дигар давлат аз ҷониби шаҳрвандони давлати хориҷӣ содиршуда);

– амалиёт бо мақсади вайрон кардани тартиботи ҳуқуқии байналмилалӣ.

Aмали террористӣ:

– бевосита содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ дар шакли таркиш, оташзанӣ, истифода ё таҳдиди истифодаи воситаҳои таркандаи ядроӣ, моддаҳои радиоактивӣ, биологӣ, сахттаъсир, заҳролуд;

– нобуд сохтан, зарар расонидан ё забт кардани воситаҳои нақлиёт ва дигар объектҳо;

– суиқасд ба ҳаёти ходими давлатӣ, ҷамъиятӣ, намояндаи миллӣ, этникӣ, динӣ ё дигар гурӯҳҳои аҳолӣ;

– гаравгонгирӣ, одамрабоӣ;

– ба вуҷуд овардани хатар, расонидани зарар ба ҳаёт, саломатӣ ё молу мулки шахсони доираи номуайян тавассути ташкили шароит барои садама ва фалокатҳои дорои хусусияти техногенӣ ё таҳдиди воқеии ташкили чунин хатар;

– паҳн намудани таҳдид дар ҳар гуна шакл ва тавассути ҳар гуна восита;

– содир намудани дигар амалҳое, ки хавфи ҳалокати одамонро доранд;

– расонидани зарари ҷиддӣ ба молу мулк ё ба вуҷуд овардани дигар оқибатҳои барои ҷамъият вазнин.

Фаъолияти зиддитеррористӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:

– қонуният;

– эҳтироми ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;

– ногузирии ҷазо барои фаъолияти террористӣ;

– ҳамбастагии усул ва воситаҳои ошкоро ва ғайриошкоро дар мубориза бар зидди терроризм;

– муҳофизати ҳуқуқ ва озодиҳои шахсоне, ки дучори амалҳои террористӣ гардидаанд;

– қонунӣ будани расонидани зарар ба террористон;

– яккасардорӣ дар роҳбарии фаврӣ ба қувваҳо ва воситаҳои ҷалбшаванда ҳангоми гузаронидани амалиётҳои зиддитеррористӣ;

– риояи принсипи пинҳонкорӣ ҳангоми гузаронидани амалиёти махсуси зиддитеррористӣ.

Таҳти мафҳуми «пешгирии фаъолияти террористӣ» фаъолияти субъектҳои асосии бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда, ки оид ба гузаронидани чорабиниҳо вобаста ба ошкор ва рафъ намудани ҳолатҳое, ки ба содиршавии фаъолияти террористӣ мусоидат мекунанд, фаҳмида мешавад. Пешгирии фаъолияти террористӣ дар се самт ба роҳ монда мешавад: ташкил ва ба амал баровардани маҷмӯи амалиёте, ки зидди идеологияи терроризм ва зуҳуроти ифротгаройӣ равона шудааст; мукаммал намудани ҳимояи амалиёти зиддитеррористии объектҳои махсусан муҳим, ки назари террористонро ба худ ҷалб мекунанд; назорати қатъӣ аз болои тартиботи маъмурию ҳуқуқӣ ва дигар қоидаҳое, ки ба фаъолияти зиддитерористӣ равона шудааст.

Бо мақсади пешгирии фаъолияти террористӣ сохторҳои қудратиро лозим меояд, ки ба масъалаҳои зерин аҳамияти ҷиддӣ ва чунин корҳоро анҷом диҳанд:

– коркард ва омода намудани тавсияҳо, амалӣ сохтани чорабиниҳо вобаста ба рафъ намудани ҳолатҳое, ки оид ба вуҷуд омадану паҳн шудани ҳаракатҳои террорис­тӣ сабаб шудаанд;

– ошкорнамоӣ ва пешгирии таҳдидҳои террористӣ ва дар ин бора огоҳонидани мақомоти ҳокимияти давлатӣ, инчунин ҷомеа, барои андешидани чораҳо ҷиҳати барҳамдиҳии онҳо;

– ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбаст намудани маълумоти дорои аҳамияти оперативӣ оид ба ташкилоти террористӣ ва шахсоне, ки дар фаъолияти террористӣ иштирок мекунанд (ё иштирок кардаанд);

– таҳти назорати қатъӣ гирифтани шахсоне, ки дорои қобилияти амалӣ намудани фаъолияти террористӣ ва экстремистӣ (ифротгаройӣ) мебошанд;

– коркард ва амалӣ намудани талабот вобаста ба ҳимояи объектҳои махсус ва маҳалҳои ҷамъомади одамон аз таҳдиди амалҳои террористӣ;

– мустаҳкам намудани ҳамкории сох­торҳои қудратӣ бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба мубориза бар зидди чунин ҷиноятҳо;

– зери назорати фаврӣ қарор додани шахсоне, ки дар донишгоҳҳои исломии дигар давлатҳои хориҷӣ бе иҷозат таҳсил намудаанд.

Ба ҳама маълум аст, ки ҳангоми тайёрӣ дидан ба амали террористӣ ҷинояткорон силоҳи оташфишон, лавозимоти ҷангӣ, моддаҳои тарканда ва дигар ашёро, ки барои гузаронидани амалиёти террористӣ зарур аст, ба даст оварданӣ мешаванд, объектҳои таҳти суиқасд қарордоштаро таҳти назорат мегиранд, то ки фурсати қулайро барои содир намудани ҷиноят интихоб кунанд. Аз ин рӯ, зарур аст, ки дар ин марҳилаи тайёрӣ ба ҷинояти хусусияти террористидошта, маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯйӣ ва тафтишотӣ барои дастгир намудан ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани гунаҳгорон андешида шавад.

Дар мубориза бар зидди терроризм маълумоти аҳамияти оперативидоштаи санҷидашуда нақши муҳим мебозад. Айни замон зарурат ба миён омадааст, ки оид ба ҳалли масъалаи мазкур маркази (маълумоти) ягонаи байнисоҳавии субъектҳои бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда дар ҷумҳурӣ таъсис дода шавад. Дар марказ бояд нисбат ба аъзои гурӯҳҳои муташаккили (иттиҳод ва ташкилоти) ҷиноятӣ, шахсони алоҳидаи майли содиркунии чунин ҷиноятдошта, шахсоне, ки қобилияти сохтани моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркишро доранд, тарзи дастрас намудан ва истифодаи моддаҳои тарканда ё воситаҳои таркишро медонанд, инчунин мақсади истифода бурдан доранд, маълумот ҷамъоварӣ шуда, ҳангоми зарурат дастраси кормандони оперативии ҳамаи мақомот ва субъектони бевосита бар зидди терроризм муборизабаранда гарданд.

Таҳлили маълумоти бадастомада аз он далолат мекунад, ки солҳои охир фаъолияти баъзе гурӯҳу созмони ҷиноятии радикалӣ дар дохил ва беруни Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷоннок гардидааст, ба амнияти миллии мамлакат бо роҳҳои гуногун таҳдид мекунанд. Аз ҷониби иддае аз ин ташкилоти ифротгаро барои паҳн намудани ақидаҳои экстремистӣ ва террористӣ сайтҳои интернетӣ истифода мешаванд, ки дар онҳо баёнияҳо, паёмҳои роҳбарият ва фаъолони он ба халқи Тоҷикистон ба нашр мерасанд. Онҳо дар баромадҳои худ тавассути сайтҳои номбурда нисбат ба роҳбарияти Тоҷикистон суханҳои таҳқиромез ва таҳдидовар гуфта, барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани сохти конститутсионӣ аҳолиро даъват менамоянд.

Тавре аз баррасии шаклҳои зуҳури терроризм, қисмҳои таркибӣ ва омилҳои тавлидшавиаш маълум шуд, терроризм дар арсаи байналмилалӣ бо истифода аз вазъи ноороми ҷаҳонӣ паҳнои мувофиқи рушд пайдо кардааст ва бо ғаразҳои динӣ, манфиатҳои молӣ ва сиёсӣ ҳамчун ҷинояти муташаккилона дар шакли гуногун ба давлатҳо ва тамаддуни инсонӣ зарари ҷиддӣ мерасонад.

Таҳлилҳо гувоҳи ҳоланд, ки ҳеҷ ақли солим ва маърифати инсонӣ пуштибонии терроризмро дар ҳеҷ сурат раво намебинад. Мо, тоҷикон, ки аз роҳи пуршебу фарози таърихӣ бо паси сар кардани ҷанги шаҳрвандӣ ба эъмори давлати озоду обод расидаем, бояд аз ҳарвақта дида ҳушёру зирак бошем ва Ватани азизи худ­ро аз дасти нохалафон пок дорем, зеро таърих моро дубора нахоҳад бахшид.

Ҳифз намудани Ватан, дин, ояндаи давлат ва фарзандон аз ин зуҳуроти манфии ҷаҳонишуда вазифаи муқаддаси ҳар яки мо мебошад.

МАҶИДЗОДА Ҷӯрахон Зоир,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
ХОЛИҚЗОДА Абдураҳим Ғафор,
доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор,
вакилони Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бозчоп аз рузномаи «Садои мардум» № 2-3 (3796-3797) аз 6 январи соли 2018

 

барчасп: