Ҷустуҷӯи ҳавопаймои суқуткардаи ширкати ҳавопаймоии “Осмон” шуруъ шудааст

Аз субҳи имрӯз расонаҳои хабарии Ҷумҳурии Исломии Эрон хабар доданд, ки ҷустуҷӯи ҳавопаймои ATR мутааллиқ ба ширкати ҳавопаймоии “Осмон”, ки субҳи рӯзи якшанбе аз фурӯдгоҳи Меҳрободи Теҳрон парвоз карда буд, оғоз шудааст. Ҳасани Руҳонӣ- Раисиҷумҳури Эрон дар паёми тасаллиятии худ гуфт:  “Сониҳаи талхи суқути ҳавопаймои мусофирбарии ширкати Осмон, ки мунҷар ба ҷон бохтани иддае аз ҳамватанони азиз шуд, боиси  таассури фаровон гардид”.

Ҳавопаймои ёдшуда ҳангоми ҳаракат аз Теҳрон ба самти Ёсуҷ дар минтақаи Денокуҳи Самирам суқут кард ва ҳамаи 66 сарнишини он ба ҳалокат расиданд. 

Боду ҳавои бад имкони онро надод, ки дирӯз чархболҳои ҷӯянда вориди минтақа шаванд. Аббоси Охундӣ-вазири роҳ ва шаҳрсозии Эрон барои баррасии ин садама вориди минтақа шудааст. Вай ҳамчунин маъмур шудааст, ки бо ташкили ситоди ҷустуҷӯ ҷараёни кофтукоби тайёраи суқудкарда ва сарнишинони онро зери назорат гирад.

Хабаргузориҳои Эрон ба нақл аз вазорати роҳ ва шаҳрсозӣ иттилоъ додаанд, ки дар амалиёти ҷустуҷӯ ба қадри кофӣ техника сафарбар шудааст.

Ҳавопаймои ёдшуда субҳи рӯзи гузашта аз Теҳрон ба ҳаво хест ва баъди 50 дақиқаи парвоз аз назар радарҳо нопадид шуд ва иртибот ҳам бо он қатъ гардид. Ҳамаи талошҳо барои барқарор кардани робита ба ҷойе нарасид.

Дар ҳамин ҳол хабаргузории ИРНА иттилоъ додааст, ки як ҳайати ҳафтнафара аз Фаронса ба манзури баррасии иллати суқути ҳавопаймо вориди Теҳрон шудааст.  Ризо Ҷаъфарзода- мудири равобити умумии  созмони ҳавопаймоии кишварӣ ба ин хабаргузорӣ гуфтааст, ки “ин ҳайат имшаб вориди Теҳрон шуд”.

Ба гуфтаи Ҷаъфарӣ се нафар аз ҷумлаи ҳайати фаронсавӣ узви комиссиюни баррасии сонеҳаҳои ҳавопаймоӣ ва 4 тани дигар намояндагони ширкати ҳавопаймосозии ATR мебошанд, ки тайёраи суқутёфта тавлиди ҳамин ширкат аст.

Мавсуф ҳамчунин гуфтааст, ки ширкати канадиёии созандаи моторҳои ин ҳавопаймо изҳори омодагӣ кардааст, ки дар сурати ниёз будан ба омӯзиши иллатҳои суқути тайёра омодааст намояндагони худро эъзом кунад.

барчасп: