Бар асари як садамаи маргбор, ки дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа рух дод, ду нафар ба ҳалокат расиданд ва шахси сеюм бо ҷароҳати вазнин дар бемористон бистарӣ шуд. Дар бартарафсозии оқибати ин садамаи марговар кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ширкат карданд. Кумита ба ронандагон муроҷиат мекунад, ки суръати ҳаракат дар роҳҳоро боло набаранд ва ҷони худ ва ҳамсафарони худро ба хатар наяндозанд.
Кормандони наҷоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бартарафсозии оқибатҳои ҳалокатбори садамаи марговари нақлиётӣ дар шоҳроҳи Душанбе-Қурғонтеппа ширкат карданд.
Хабари ин садама ба навбатдори воҳиди вокуниши сареъи шаҳри Душанбе расид. Шоҳидони ин рӯйдоди мудҳиш барои кумак муроҷиат карда буданд. Онҳо хабар доданд, ки дар мошини пачақшуда ронанда ва мусофирони он дармондаанд. Баъди лаҳзае навбатдорони гуруҳи наҷот иборат аз шаш нафар бо техникаи махсус ба ҷойи ҳодиса расиданд.
Ин садама дар минтақаи ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ рух дода буд. Ба ҷойи ҳодиса расида, кормандони наҷот бо ёрии таҷҳизоти гидравликӣ дарҳои мошинро буриданд ва мошинро боз намуда одамонро аз дохили он берун оварданд.
Бар асари зарбаи шадид ронандаи 28-сола ва як духтари 21-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд, як мусофири дигари мошин, духтари ҷавон ҷон ба саломат бурдааст. Ин духтар ҷараҳоти хеле сахт бардошта буд, аз ин рӯ ба наҷотдиҳандагон лозим омад хеле дақиқ кор кунанд, то барояш зарари дигар нарасад. Духтарро баъди аз дохили мошин кашидан ба бемористони ноҳияи Рӯдакӣ интиқол доданд.
Кормандони БДА-и ВКД Тоҷикистон сабабҳои ин садамаро муайян мекунанд.
Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар ба ронандагон муроҷиат мекунад ва аз онҳо хоҳиш менамояд ҳангоми ҳаракат дар роҳҳо суръатро боло набаранд ва ҷони худ ва ҳамсафарони худро дар хатар наяндозанд.