“Рӯзи дарҳои боз” истилоҳест, ки ахиран хеле роиҷ шудааст. Бахусус, дар остонаи ҷашну маросимҳо ба хотири ҷалби таваҷҷуҳи мардум ин гуна чорабиниҳо созмон дода мешаванд. Дар Суғд дар остонаи Рӯзи ташкилёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз он ёд карданд ва дар “Рӯзи дарҳои боз” хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиро ба қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда даъват намуданд, то сарбозшавандаҳои оянда тасаввуроте дар бораи ҳаёти сарбозӣ дошта бошанд.
Дар қисми ҳарбии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қаламрави вилояти Суғд воқеъ аст, барои хонандагони синфҳои болоии чор муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Гулистон “Рӯзи дарҳои боз” баргузор гардид. Ин чорабинӣ ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда буд ва ҳадаф аз он бедор кардани ҳисси ватандӯстӣ миёни хонандагони ҷавон буд. Дар чорабинӣ бештар аз 50 нафар хонандагони синфҳои болоии мактабҳои шаҳри Гулистон ширкат карданд.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи якҷояи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ташкил ва баргузор гаридид. Дар он Муслимахон Ғайбуллозода – Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқӣ-Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ширкат ва суханронӣ намуд. Вай сарбозонро ба ифтихори Рӯзи неруҳои мусаллаҳ муборакбод кард ва ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ супурд.
Мактаббачагон бо шароити хизмат, истироҳату фароғати сарбозон ошно шуданд, аз бунгоҳи тиббӣ ва ошхонаи қисми ҳарбӣ дидан карданд. Ҳамчунин аз фармондеҳи қисми ҳарбӣ, подполковник Ф.Назарзода ба саволҳои худ посухҳо дарёфт намуданд.
Ғайр аз ин дар қаламрави қисми ҳарбӣ бозиҳои варзишӣ баргузор шуданд, воҳидҳои вокуниши сареъ ҳунарнамоӣ карданд, техникаи махсуси наҷот ва кори он намоиш дода шуд.