Дар як шабонарӯзи гузашта дар натиҷаи боронҳои пай дар пай, омадани сел дар қисмати ҷанубии Узбекистон ба қайд гирифта шудааст. Дар ин офати табиӣ бештар аз 100 хона зери об монда, 5 нафар сокинон ба ҳалокат расидаанд.
Дар вилояти Оши Ҷумҳурии Қирғизистон бошад сел ҳавлиҳо ва саройи 11 хонаи истиқоматиро зери об кардааст. Ҳамчунин мавҷи гилу санг масофаи 1 км роҳро хароб кардааст.
Дар пойтахти Туркманистон сел қисмати марказии шаҳрро зери об кардааст, дар баъзе ноҳияҳои ин кишвар низ боронҳои шадид сабабгори омадани селҳои харобиовар шудаанд. Кӯчаҳои шаҳри Ишқобод-пойтахти Туркманистон ва роҳҳои мошингарди он пур аз об шуда, муддате ҳаракати одамон ва мошинҳоро ба мушкил рӯ ба рӯ кардааст.
Хатҳои интиқоли об натавонистаанд оби боронҳои шадидро дар худ ҷо диҳанд. Оқибатҳои ин харобкориҳо бо истифода аз техникаи махсус бартараф карда шудаанд.
Обхезӣ ҳамчунин ошёнаи якуми калонтарин бинои тиҷоратӣ ва дилхӯшии “Берқарор”-ро, ки дорои даҳҳо мағозаҳои фурӯши маҳсулоти гуногунанд, ғарқи об кардааст.