Дар доираи баланд бардоштани сатҳи омодагиҳои касбии ҳайати шахсӣ ва татбиқи минбаъдаи “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат бо терроризим ва экстремизм дар солҳои 2016-2020” дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти ҳайати шахсӣ бо корманди Кумитаи давлатии амнияти милии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Мулоқот ба мавзӯи “Муқовимат бо терроризм ва экстремизми зӯроварона” бахшида шуда буд.
Намояндаи КДАМ оид ба ҳадафҳои конфронси байналмилалие ҳарф зад, ки дар таърихи 3-уми майи соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд. Вай қайд кард, ки баргузории ин конфронс имкон дод ҳамкориҳо дар масъалаҳои ошкорсозӣ ва пешгирии амалҳои террористии наздисарҳадӣ, ҳамкориҳои зиддитаррористӣ миёни кишварҳо таҳким ёбанд.
Дар конфронс масъалаҳои ҷорӣ ва монеъаҳо дар роҳи татбиқи амалҳои зиддитеррористӣ, ҳамкориҳо дар самти ҷиноятҳои кибернетикӣ баррасӣ шуданд.
Ҳамчунин дар бораи моҳият ва пайдоиши ин зуҳурот дар ҷомеаи муосир маълумот дода шуд. Ғайр аз ин вай ба ширкаткунандагони мулоқот фаҳмонд, ки пайравӣ ба дидгоҳҳои манфӣ ба чӣ уқубатҳое оварда мерасонад.