Масъалаҳои ҳузури одамон дар махзанҳои об ва иншоотҳои обӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷӯҳи кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Бо мақсади пешигирии хатари ҳодисаҳои ногувор дар махзанҳои об кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар миёни аҳолии шаҳри Левакант корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ карданд ва шаҳрвандонро бо қоидаҳои бехтарӣ ҳангоми оббозӣ ва шиноварӣ ошно намуданд.
Кормандони Раёсати КҲФ дар Хатлон дар бораи қоидаҳои бехатарӣ ҳангоми оббозӣ дар махзанҳои об ва ҳузури бехатар дар соҳили рудхонаҳою кӯлҳо, ҳавзҳои шиноварӣ нақл карданд. Ҳамчунин риояи қоидаҳои бехатариро барои касоне ёдовар шуданд, ки бо заврақ шиноварӣ мекунанд ва ба онҳо фаҳмонданд, ки чаро бояд либоси муҳофизатӣ дар бар дошта бошанд.
Ба аҳолии шаҳр амалан қоидаҳои амал ҳангоми омадани сел, наҷоти одамон ва кумак ба зарардидагонро фаҳмониданд.
Дар поёни мулоқот ба иштирокдорон варақаву китобчаҳои дастурӣ, ки аз ҷониби КҲФ омода шудааст, тақсим карда шуд.