Садамаи дуюмин ҳавопаймо дар Конго зарфи як ҳафтаи охир
Чоп шуд: 26/12/2018 | adminСафири Русия дар Ҷумҳурии Демократии Конго Алексей Сентебов эълон кард, ки ҳавопаймои номуваффақ ба заминнишаста дар шаҳри Бени шарқи ин кишварро халабонҳои рус идора мекарданд. Ҳавопаймои тамғаи Ан номуваффақ ба замин нишастааст ва бар асари он наздик ба 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода мешавад, ки ҷароҳати 8 сарбоз хеле шадид ва нигаронкунанда аст.