Садамаи дуюмин ҳавопаймо дар Конго зарфи як ҳафтаи охир

Сафири Русия дар Ҷумҳурии Демократии Конго Алексей Сентебов эълон кард, ки ҳавопаймои номуваффақ ба заминнишаста дар шаҳри Бени шарқи ин кишварро халабонҳои рус идора мекарданд. Ҳавопаймои тамғаи Ан номуваффақ ба замин нишастааст ва бар асари он наздик ба 40 нафар ҷароҳат бардоштаанд. Хабар дода мешавад, ки ҷароҳати 8 сарбоз хеле шадид ва нигаронкунанда  аст.

 Бино ба гуфтаи Алексей Сентебов аз халабонҳои рус касе осеб надидаву ба ҳаёти онҳо хатаре таҳдид намекунад. Ин манбаъ ҳамчунин иброз доштааст, ки ин халабонҳо ғайрирасмӣ тибқи як муоҳада бо ширкати ҳавопаймоӣ фаъолият доштаанд.

Гуфта мешавад, ки дар ҳавопаймо 68 нафар сафар доштанд ва аксари онҳо хизматчиёи ҳарбии нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Демократии Конго будаанд. Бино ба гуфтаи намояндаи артиш ҳавопаймо аз хати нишаст бероҳа шудааст.

Сафири Русия дар Конго ҳамчунин гуфтааст, ки сафорат теъоди касонеро, ки ғайрирасмӣ бо ширкатҳои мухталиф кор мекунанд, намедонад. “Дар ин бора мо танҳо аз маълумоти ширкатҳо иттилоъ мегирем”,- гуфтааст Алексей Сентебов.

 Ҳафтаи гузашта низ дар Ҷумҳурии Демократии Конго ҳавопаймои тавлиди русии Ан-26, ки ба гӯшаву канори мамлакат маводҳои интихоботиро интиқол медод, ба садама дучор шуд. Онро низ шаҳрвандони Русия идора мекарданд. Бар асари ин садама 7 нафар, аз ҷумла се халабони рус ба ҳалокат расида буданд. 

Бино ба хабари мақомоти расмии давлатӣ Ан-26-и суқуткарда соли 1984 истеҳсол шудааст ва вақти суқут 24 мусофир доштааст.

барчасп: