Баррасии ҳамкориҳои наздисарҳадии Тоҷикистон ва Афғонистон дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ

Доштани марзи тӯлонии муштарак Тоҷикистон ва Афғонистонро беш аз ҳар вақти дигар ба таҳкими ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун таҳрик медиҳад. Аз ҷумла, дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиӣ ду мамлакат беш аз ҳар вақти дигар ба кумаки ҳамдигар ниёз доранд. Зеро ин ду кишвар иқлими шабеҳ ба ҳамдигар доранд. Тоҷикистон метавонад дар омодасозии мутахассисон ва бозомӯзии кадрҳои идораҳои наҷоти Афғонистон ба ин кишвар кумак расонад.

25 декабри соли 2018 дар доираи татбиқи минбаъдаи лоиҳаи «Таҳкими иқтидори коҳиши хатари офатҳо ва вокуниш» миёни Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷопон ва Барномаи Рушди СММ дар моҳи сентябри соли 2016 бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон  ҷаласа оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадӣ оид ба омодагӣ ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулодда миёни  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Миллии Ҷумҳурии Афғонистон оид ба мубориза бо офатҳои табиӣ баргузор шуд. 

Ин ҷаласа дар бинои нави Маркази таълимӣ-методии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда таҳти раёсати муовини Раиси КҲФ полковник М. Салимзода доир шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро  ҷонишини вазири Вазорати миллии Афғонистон ҷаноби Муҳаммад Ҳайдарӣ сарварӣ мекард. Ҳамчунин сарварони идораҳои ваколатдор дар пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулоддаи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва намояндагони як қатор созмонҳои байналмилалии муқими Тоҷикистон иштирок намуданд. 

Зимни суханронии худ ҷаноби Ҳайдарӣ ба муҳим ва зарурӣ будани ҳамкориҳои дуҷониба дар самти пешгирӣ ва бартарафсозии офатҳои табиӣ таъкид намуд. Вай аз ҷумла гуфт, ки офадҳои табиӣ марзро намеписанданд. “Мо ба бародарони тоҷики худ барои ин гуна ҳамкориҳо изҳори ташаккур мекунем, чун иқлими Афғонистон ба иқлими Тоҷикистон хеле шабеҳ аст, кишвари мо ва кишвари шумо бастаи офатҳои табиианд.  Мо дар масъалаҳои омодасозӣ ва бозомӯзии кадрҳо ба кумак ва дастгирӣ низ дорем”,- гуфт ӯ.

Дар ҷараёни ҷаласа ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар самти коҳиши хатари офатҳо диққати асосӣ дода шуд. Аз ҷумла, ширкаткунандагон масъалаҳои амалҳои якҷоя оид ба муқобила ба офатҳои табиии наздисарҳадӣ, таҳия ва имзои муоҳадаи дуҷониба дар бораи ҳамкориҳо, таҳкими зарфиятҳои системаи идораи офатҳо дар Афғонистон, омодасозии мутахассисон барои идораҳои наҷоти Афғонистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳия ва қабули нақшаи ҳамкориҳо то соли 2020-ро баррарсӣ намуданд. 

Дар поёни нишаст Протоколи мулоқот қабул гардид.

барчасп: