Ҳалокати бештар аз чаҳорсад нафар дар вулқони Индонезия

қурбониёни вулқони харобиовари Индонезия ба 429 нафар расид ва ин рақам ҳамвора рӯ ба афзоиш аст. Раёсати миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Индонезия ахиран аз ҳалокати 429 нафар хабар дод.

Намояндаи Раёсати миллии бартарафсозии оқибатҳои офатҳои табиии Индонезия Сутопо Пурво Нугрохо гуфтааст, ки шумори кушташудагони ин вулқон ҳамвора рӯ ба афзоиш дорад ва воҳидҳои наҷот ҷасади қурбониёнро пайдо ва ба соҳибонашон таҳвил медиҳанд.

Тибқи оморҳои расонаишудаи ахир бар асари ин офати табиӣ  1485 нафар захмӣ шудаанд, 154 тан бенишон гум шудаанд.

Бештар аз 16 ҳазор нафар ноилоҷ маконҳои зисти худро тарк карданд ва ба ҷойҳои амн рафтанд.

Бар асари офати табиӣ 883 хона, 73 меҳмонхона, 60 мағоза ва 443 заврақ зарар дид. 

Вулқон дар соҳилҳои як замон ороми Индонезия баногоҳ шаби шанбе оғоз гардид.

Корҳои садамавиву наҷот идома доранд. Ҳукуматдорони кишвар мегӯянд ин вулқон бар асари  ярчи зериобӣ рух додааст.

Гуфта мешавад, ки Индонезия то ба ҳол дорои системаи пешгӯии вулқонҳои зериобӣ нест ва ҳамасола ба асари ин гуна офатҳо дар ин кишвар даҳҳо нафар ҷони худро аз даст медиҳанд. 

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо ирсоли барқия ба ҳамтои Индонезии худ изҳори ҳамдардӣ намуданд. Дар он аз ҷумла гуфта мешавад:


«Ҷаноби Олӣ,

Хабари рух додани офатҳои табиӣ дар минтақаҳои ғарбии Ҷумҳурии Индонезия, ки боиси ҳалокату маҷруҳ шудани теъдоди зиёди шаҳрвандон ва хисороти бузурги моддӣ гардидааст, моро сахт андӯҳгин намуд.

Бо изҳори таъзия ва тасаллияти самимӣ ба тамоми мардуми дӯсти Индонезия аз Шумо, ҷаноби Президент, хоҳишмандам, ки эҳсоси ҳамдардии амиқи моро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон бирасонед. Ба ҳамаи маҷрӯҳшудагон шифои комил орзумандам».

барчасп: