Наҷоти бонуи ҷавоне, ки худро дар дарёи Сир андохта буд
Чоп шуд: 29/01/2019 | adminНаҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бонуи ҷавонеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз хатар наҷот доданд. Ин бону рӯзе қабл худро мехост дар дарёи Сир ҳаво диҳад ва ҷони ҷавонашро қурбон кунад.
Ин ҳодисаи нохӯш бегоҳирӯзии 28-январ рух дод.