Тағйири обу ҳаво дар кишвар: Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тағйири вазъи ҳаво дар кишвар дар охирин рӯзҳои моҳи январ хабар дод. Бино ба иттилоъи манбаъ рӯзҳои  30 - 31 январ дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор дар назар буда, барфу боронҳои шадид меборанд. Дар водиҳо борон ва дар кӯҳҳо барф меояд, ҳаво сардтар аз имрӯз мешавад. Бахусус, рӯзи 30 январ дар аксар қаламрави кишвар боришоти сахт интизор меравад. Дар роҳҳои кӯҳӣ хатари лағзиши тарма таҳдид мекунад. Ҳавои сарду пурбориш то 1-уми феврал боқӣ мемонад.  

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодад ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти ҳавои сарди гузашта ва бориши шадиду давомдори барф дар кулли манотиқи кишвар ва баста шудани роҳҳову лағзиши тарма сокинон ва меҳмонони мамлакатро огоҳ мекунад, ки ҳамеша аз эҳтиёт кор гиранд ва аз сафарҳои бидуни зарурат ба манотиқи кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда тавсия медиҳад, ки дар ин рӯзҳо рафтан ба шикоргоҳ пайи сайд, ҷамъоварии ҳезум, чаронидани чорво ва ғайра хатар дорад ва маслиҳат нест. Бояд сабр кард, то дубора рӯзҳои офтобиву мусоид фаро расанд.

Кумита аз ронандагон хоҳиш мекунад пеш аз сафар омодагии мошинҳои худро санҷанд, чархҳои кӯҳнаро бо нав иваз намоянд, барои эҳтиёт сӯзишвории бештар захира дошта бошанд, дорувор низ доштан хуб аст.

Ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ талош кунед ҳамаи қоидаҳои ҳаракатро риоя намоед. Бахусус риояи масофа байни мошинҳо ҳангоми ҳаракат зарур ва ҳатмист. Суръати ҳаркатро боло набаред ва ҷони худу ҷони ҳамсафарони худро дар хатар наандозед.

Дар ёд дошта бошед: ШУМОРО ДАР ХОНА ҲАМСАРУ ФАРЗАНДОН ВА ПАЙВАНДОНАТОН ИНТИЗОРАНД!!!

барчасп: