Наҷоти бонуи ҷавоне, ки худро дар дарёи Сир андохта буд

Наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд бонуи ҷавонеро, ки қасди худкушӣ дошт, аз хатар наҷот доданд. Ин бону рӯзе қабл худро мехост дар дарёи Сир ҳаво диҳад ва ҷони ҷавонашро қурбон кунад. 

Ин ҳодисаи нохӯш бегоҳирӯзии 28-январ рух дод. Сокини 27-солаи шаҳри Бӯстони вилояти Суғд аз пули куҳна худро ба дарёи Сир андохт. Ин хонум дар як мудати кутоҳ дар гирдоби мавҷи азиму хурӯшони дарё монд. Маъмулан дар ин қитъа дарё басо пурталотум ҷорӣ мешавад. 

Наҷотдиҳандагон занро ба мушкилӣ аз марг наҷот доданд, вақте аз об берун оварданд, вай дар ҳоли изтиробу ҳарос буд.

Дар айни замон ӯ ба бемористон интиқол дода шудааст ва мақомоти тафтишотӣ дар пайи таҳқиқу омӯзиши амали худкушии хонуми ҷаон шудаанд.

барчасп: