Бино ба охирин гузоришҳо рахна дар сарбанди шарқи Бразилия 58 нафарро ҳалок кард ва бештар аз 280 нафар бенишон ғайб заданд. Мақомот мегӯянд теъдоди қурбониён ҳамвора рӯ ба афзоиш дорад.
Намояндаи ниҳоди мудофиаи граждании Бразилия Минас-Жерайс ба хабарнигорон гуфтааст, ки то ҳол ҷустуҷӯи бенишоншудагон идома дорад, вале касе аз онҳо зинда пайдо нашудаанд.
"Дар айни замон мо аз ҳалокати 58 нафар хабар дорем, ки бар асари рахна дар сарбанд кушта шудаанд. Гумон мекунем теъдоди қурбониён рӯ ба афзоиш орад. То кунун исми 287 нафар чун бенишон гумшуда низ омода аст”,- гуфтааст ин мансабдор.
Ёдовар мешавем, ки аз ин пештар аз бенишон шудани 200 нафар хабар дода мешуд. Ин ҳодисаи нохӯш дар кони Mina Feijao, воқеъ дар наздикии шаҳри Брумадиню рух дода буд.
Амалиёти кофтукови бенишоншудагон идома дорад.