Сабти 48 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар зарфи як шабонарӯзи гузашта
Чоп шуд: 05/03/2019 | adminТибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат боқӣ мондааст. Зарфи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рушон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ 44 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бошанд шоҳиди чор ҳодисаи лағзиши тарма шуданд.