Дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ба муносибати соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зери парчами озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” намоиши ҳунарии кормандони Раёсатҳои КҲФ баргузор шуд.
Ғайр аз ин дар ҳар Раёсат намудҳои гуногуни либоси миллии занона, аз ҷумла пироҳанҳо ва тоқиҳои бонувон, зарфҳои гуногунранг, матоъҳои миллӣ ва маҳсулоти дигар ба намоиш гузошта шуданд.
Дар ин чорабинӣ ҳамчунин хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимоти ҳамагонӣ иштирок намуданд.
Кормандони Кумита бо василаи маҳорати баланди сурудани таронаҳо ва рақсҳои ҷолиб нишон доданд, ки ин ҷашни каммасрафро чӣ гуна озодонаву зебо метавон гузаронд.
Дар барнома ҳамчунин ороиши дастурхони каммасрафи идона, пӯшидани либосҳои миллӣ ва ҷавоҳирот ҷо дода шуда буд.
Ширкаткунандагон ва фаъолони озмун тавонистанд дар як барномаи хеле кутоҳ зебоӣ ва тароватҳои чаҳор фасли сол ва табиати зебоманзари Тоҷикистонро ба намоиш гузоранд.
Барои насли наврас роҳандозии ин гуна чорабиниҳо бидуни шак нишоне аз ватандӯстӣ ва риояи арзишҳои фарҳангист.