Наҷоти “кӯҳнавардон”-и наврас, ки боло шуданду поин наомаданд
Чоп шуд: 26/03/2019 | admin25-уми марти соли 2019 ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занги телефонӣ расид. Сокини ваҳшатзадаи ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хабар дод, ки фарзандони вай субҳи бармаҳал ба кӯҳ рафтаву то ҳол барнагаштаанд. Ин модари парешон мегуфт, ки аз сарнавишти ҷигарбандонаш нигарон аст, чун ба зангҳои телефонии