Озмуни «Чакомаи гесу» дар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда
Чоп шуд: 04/03/2019 | adminДар Раёсатҳои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, вилоятҳои Суғд, Хатлон ба муносибати соли рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ зери парчами озмуни ҷумҳуриявии “Чакомаи гесу” намоиши ҳунарии кормандони Раёсатҳои КҲФ баргузор шуд.
Ғайр аз ин дар ҳар Раёсат намудҳои гуногуни либоси миллии занона, аз ҷумла пироҳанҳо ва тоқиҳои бонувон, зарфҳои гуногунранг, матоъҳои миллӣ ва маҳсулоти дигар ба намоиш гузошта шуданд.