Бонувони афғон дар Тоҷикистон шеваҳои наҷот дар ҳолатҳои фавқулодаро меомӯзанд
Чоп шуд: 28/03/2019 | adminДар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.