Сел ва обхезӣ дар Эрон муҷиби ҳалокати 39 нафар шуд. Ин омори талафот дар чандин вилояти Ҷумҳурии Исломии Эрон аст. Созмони пизишкии қонунии Эрон ахиран шумори ҳалокшудагон дар сели Эрон 39 нафар эълон кард. Меҳрдод Алибахшӣ – ҷонишини мудирияти буҳрони Созмони пизишкии қонунии Эрон гуфтааст, ки 19 нафар дар шаҳри Шероз (вилояти Форс), як нафар дар вилояти Хузистон, панҷ нафар дар Гулистон, ду нафар дар вилояти Луристон, як нафар дар вилояти Симнон ва як нафар дар вилояти Кирмоншоҳ (Сари пули Заҳоб), як нафар Куҳгилуйа ва Буйираҳмад дар сел ҷони худро аз даст доданд.
ВВС аз қавли Меҳрдод Алибахшӣ навиштааст, ки ин куштаҳо марбут ба бахши дуюми борандагӣ дар Эрон аст ва пеш аз он 9 нафар дар вилоятҳои Мозандарон, Гулистон ва Хуросони Шимолӣ ҷони худро аз даст дода буданд.
Гуфта мешавад, ки сел бештари талафотро дар вилояти Шероз ба ҷой гузошт. Ҷорӣ шудани об дар ин шаҳр, ки аксҳо ва филмҳои зиёде аз он мунташир шуд, яке аз такондиҳандатарин ҳодисае буд, ки дар рӯзҳои ахир рух зад.
Мақомоти вилояти Форс рӯзи панҷшанберо дар ин вилояти азои умумӣ эълон карданд.
Ҳасани Рӯҳонӣ, президенти Эрон, ки ахиран аз маҳалли осебдидаи вилояти Гулиситон дидан кардааст, ибрози умедворӣ кардааст, ки хонаву манзилҳои зарардида то тобистон бозсозӣ хоҳанд шуд. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки Бунёди маскани кишвар масъули пардохти хисороти ворида ба манзил аст.