Табрикоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи модар
Чоп шуд: 09/03/2019 | adminМодарону бонувон ва духтарони азиз!
Дар нахустин рӯзҳои фасли зебои баҳор, яъне айёми нуру сафо ва гармиву бедории табиат - ҷашни фархундаи Рӯзи модар фаро мерасад. Ҳамаи шумо, модарони меҳрубон ва бонувони арҷмандро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, ба ҳар яки шумо, пеш аз ҳама, саломатӣ, хушбахтӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзу менамоям.