Хадамоти зидди жола 55-сола шуд
Чоп шуд: 06/03/2019 | admin6 – уми марти соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 55-умин солгарди таъсиси Хадамоти зидди жола ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён доир шуд.
Генерал-майор Рустам Шоҳиён кормандони ин хадамотро ба муносибати рӯзи таъсис шодбош гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки мавқеъи ҷуғрофӣ ва шароити иқлимии кишвари мо онро ба яке аз минтақаҳои жоларез ва осебпазир аз ин офати табиӣ қарор додааст.