Хадамоти зидди жола 55-сола шуд

6 – уми марти соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 55-умин солгарди таъсиси Хадамоти зидди жола  ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид. Ин ҷаласа таҳти раёсати Ҷонишини аввали Раиси КҲФ, генерал-майор Рустам Шоҳиён доир шуд.

Генерал-майор Рустам Шоҳиён кормандони ин хадамотро ба муносибати рӯзи таъсис шодбош гуфта, аз ҷумла қайд кард, ки мавқеъи ҷуғрофӣ ва шароити иқлимии кишвари мо онро ба яке аз минтақаҳои жоларез ва осебпазир аз ин офати табиӣ қарор додааст. 

«Хадамоте, ки  55 сол пеш аз ин барои муқовимат бо равандҳои метеорологӣ ва геофизикӣ сохта шуда буд, дар ин муддати бештар аз ним аср корҳои зиёди мубориза зидди хатари жоларо анҷом додааст, ки онҳо хеле самаровар ва муваффақ будаанд”, гуфт ӯ.

Дар поёни ҳамоиш кормандони беҳтарини хадамот бо медалҳо ва ифтихорномаҳо қадрдонӣ шуданд. 

Гуфтанист, ки Хадамоти зидди жола дар сохтори Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди махсус барои таъсири фаъол ба равандҳои гидрометеорологӣ ба шумор меравад ва фаъолияти он ба ҳимояи зироатҳои икшоварзӣ аз жола равона шудааст.

барчасп: