Ширкат дар шанбегии умумишаҳрӣ
Чоп шуд: 16/03/2019 | adminДар доираи барномаҳои ҷашни баҳору Наврӯз дар шаҳри Душанбе шанбегии умумӣ баргузор шуд. Дар ин маъракаи муҳим ба хотири истиқболи шоиставу сазовор аз вуруди Наврӯзи дилафрӯз ҳамаи корхонаву муассисаҳои пойтахти кишвар фаъолона ширкат карданд ва дар тозагиву низофати шаҳрамон саҳм гирфитанд.
Аз ҷумла, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин маъракаи умумишаҳрӣ дур намонданд.