Анҷоми дарсҳои омӯзишии харитасозии маконҳои осебпазир дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда

15 – уми марти соли 2019 дар Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расми анҷоми марҳилаи дуюми давраи омӯзишӣ барои кормандони маркази иттилоотӣ-таҳлилӣ ҷиҳати омодасозии харитаи маконҳои осебпазир ба ҳолатҳои фавқулодда доир гардид.

Дар маросими анҷом роҳбарои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва ҷонишини Директори кишварии Барномаи ҷаҳонии озуқаи СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Марико Кавабата ширкат намуданд.

Ҷонишини Раиси Кумита полковник М.Салимзода ба ташкилкунандагони ин омӯзиш барои сатҳи хуби ташкиливу дарсҳои омӯзандаву пурмуҳтаво изҳори сипос намуд ва аз сатҳи касбии мураббие, ки таҷриба худро ба мутахассисони КҲФ омӯзонд, ситоиш намуд. Вай ҳамчунин изҳори умед кард, ки малакаҳои ҳосилшуда самароварии корҳои наҷот дар ояндаро афзун мекунанд. 

Дар навбати худ хонум Марико Кавабата изҳор дошт, ки дар ояндаи низ Барномаи умумиҷаҳонии озуқа талошҳояшро барои густариши ҳамкориҳо ҷиҳати пешгирӣ ва бартарафсозии ҳолатҳои фавқулодда густариш хоҳад дод.

Ширкаткунандагони тамрин баъди анҷоми дарсҳои омӯзишӣ соҳиби шаҳодатномаҳо шуданд.

 

барчасп: