Аз ҳамлаи гургон чӣ гуна метавон наҷот ёфт?
Чоп шуд: 13/03/2019 | adminҲамлаи гургони гурусна ба одамон дар баъзе манотиқи Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон ва ҳалокати одамон як рӯйдоди нигаронкунандаи охири зимистону аввали баҳори соли равон буд. Солҳои пеш аз хатари гургон иттилоъ мерасид, вале ба фоҷеаи мудҳиш печидани он бори аввал ба қайд гирифта буд. Ҳоло ҳам ин хавф дар манотиқи куҳистон, дар он ҷойҳое, ки барф баланд бориду дарандаҳо натавонистанд туъмаи худро пайдо кунанд, зиёд аст.