Таблиғи тарзи ҳаёти солим: зарари носу сигору машрубот

Бо мақсади такмили кори пешгирӣ аз истеъмоли нӯшокиҳои алкулӣ, сигоркашӣ ва зарари онҳо ба инсон, ҳамчунин таблиғи тарзи ҳаёти солим дар миёни ҳайати шахсии Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон кормандони бахши тибии Раёсат мулоқот гузарониданд.

Дар ҷараёни ин мулоқот ҷанбаҳои манфии истеъмоли машрубот ва сигоркашиву носкашӣ фаҳмонида шуданд. Ғайр аз ин барои ҳайати шахсӣ филми мустанад дар бораи зарарҳои истеъмоли машрубот ва сигор намоиш дода шуд. 

Ҳадафи роҳандозии ин гуна мулоқотҳо тағйири ақоиди нодуруст дар бораи истеъмоли нӯшокиҳои алкулӣ, машрубот, носу сигор миёни омма ва ҷомеа, бахусус миёни ҷавонон  мебошад.

Аз сӯйи дигар ин иқдом таблиғи тарзи ҳаёти солим ва даъвати ҷавонон ба варзиш ва корҳои муфиди дигарест, ки саломатии онҳо ҳифз шавад.

барчасп: