Аз ҳамлаи гургон чӣ гуна метавон наҷот ёфт?

Ҳамлаи гургони гурусна ба одамон дар баъзе манотиқи Вилояти Мухтори куҳистони Бадахшон ва ҳалокати одамон як рӯйдоди нигаронкунандаи охири зимистону аввали баҳори соли равон буд. Солҳои пеш аз хатари гургон иттилоъ мерасид, вале ба фоҷеаи мудҳиш печидани он бори аввал ба қайд гирифта буд. Ҳоло ҳам ин хавф дар манотиқи куҳистон, дар он ҷойҳое, ки барф баланд бориду дарандаҳо натавонистанд туъмаи худро пайдо кунанд, зиёд аст. Ҳоло ҳам одамон метавонанд ба хатари гургони гурусна рӯ ба рӯ шаванд.

Матлаби зер дар бораи қоидаҳои бехатарии мубориза бо гургон баҳс мекунад. Яъне, инсонҳо бояд чӣ кунанд, ки ҳангоми рӯ ба рӯ омадан бо гургон аз онҳо осеб набинанд?

 Гургон ҳайвонҳои ваҳшии хеле нерӯманд ва хатарноканд. Маъмулан онҳо ба одамон ҳамла намекунанд, вале бояд донист, ки дар он маҳалле, ки гургон зиндагонӣ мекунанд, чӣ бояд кард. Агар шумо бо гург рӯ ба рӯ шудед, аз вай фирор накунед. Аз вай чашм наканед, то имкон доред, баланд садо бароред ва чун имкон фароҳам омад, ба ҷойи амн равед ва худро пинҳон кунед.

Чӣ бояд кард, ки аз ҳамла наҷот ёбанд?

Аввалан, кӯшиш кунед ба он ҷойе наравед, ки аз ин пештар гургон шуморо дар он ҷо мушоҳида карда буданд. Талош кунед ноаён бимонед. Баъзан гургон тани танҳо гардиш мекунанд, вале маъмулан ба ҳам ва бо гала шикор мекунанд.    

Дуввум, агар гург шуморо дид, пас оҳиста аз назди вай дур шавед. Ҳаргиз аз вай чашм наканед ва ба гург пушт нагардонед. Агар тасмим гирифтед, ки аз наздаш меравед, пас ақибнокӣ равед. Агар гург дар паси шумо қарор гирад, пас метавонад ғаризаи ваҳшонияташ бар ӯ ғолиб ояд ва ба шумо аз пас ҳамла кунад. 

Сеюм, надавед. Гургон хеле ҳайвонҳои тезраванд ва сураъти ҳаракати онҳо болотару тезтар аз суръати ҳаракати инсон аст, бахусус агар онҳо дар ҷангал бошанд. Ва агар онҳо ҷавобан ба фироратон ба шумо дар аввал ҳамла ҳам накунанд, вале  баъдан ҳатман ин корро мекунанд. 

Ва агар гургон ҳамла кунанд, чӣ бояд кард?

Агар гург ба шумо наздик шуд, ҳар қадар метавонед баланд садо кунед, ғавғо бардоред.   Қадаме ба гург наздиктар равед ва шӯру мағал бардоред, кафкӯбӣ кунед. Ва баъд ба оҳистагӣ ақиб равед, вале ҳамоно ғаво бардоред, доду фарёд кунед. Аз вай чашм наканед, пушт нагардонед.

Ва охирин шонси шумо дар ҳоли ҳамлаи гург. Шумо низ даст ба ҳамла занед ва бидонед, ки гургон ҳайвонҳои пурқудрат ва доноанд, табиат барояшон дандонҳо ва ҷоғи пурқувват ва ғаризаи нобуд сохтани ҳарифонашонро додааст. Эҳтимолан шумо метавонед бар гурги танҳо пирӯз шавед, вале бо галаи гургон на!

Чуқур нафас кашед ва кӯшиш намоед, оромиро ҳифз намоед. Гургон тарси шуморо зуд эҳсос мекунанд ва агар шумо ба воҳима дода шавед, қасди фирор мекунед, дониста бошед, ки ҷони худро дар хатар меандозед.

Ҳамларо пас гардонед. Агар гург ба шумо ҳамла кард, бо занг, чӯб ва ҳар чизе ба дастатон мерасад, занед. Ҳолатеро гиред, ки метавонед хубтар аз худ дифоъ намоед: ба пушт ба дарахт ё харсанг такя занед. Роҳ надиҳед, ки гург дар пушти шумо қарор гирад.

Дар ҷойи ҳамвор худро ба замин андохта, ғунча назанед ва ҳолати ҷанин ба худ нагиред. Ин ҳаёти шуморо наҷот дода наметавонад. Гурги ҳамлавар танҳо дар он сурат аз шумо дур мешавад ва аз қасдаш бармегардад, ки дар симои шумо душмани хатарнокро эҳсос намояд.

Ҳушёриро аз даст надиҳед! Агар ба шумо муяссар гардид, ки гургро аз пеши худ рондед, оромона ва хеле зуд аз ҷойи ҳодиса дур шавед ва дар паногоҳе худро пинҳон кунед. Ё болои дарахте ва ё ба баландии дигар бароед. Агар ин гуна ҷойе набошад, дар наздиктарин бинои навсохт ё хароба ва ё даруни мошин пинҳон шавед.

Аммо ба зудӣ хотирҷамъ нашавед, зеро гург метавонад фурсате баъд ба бошгоҳи шумо бозгардад ва вазъро дубора ноором созад. Ва агар хеле гурусна бошад, метавонад дубора ба шумо ҳамла кунад.  

Бо ҳам бошед. Агар шумо як гурӯҳед ва ба ҳамлаи гургон дучор шудед, бачаҳо ва захмиёнро дар миён гиред. Вақте гургон ба сони гала ҳамла мекунанд, аввалтар аз ҳама  сайди заъиф ҳадаф қарор медиҳанд. Инҳо бачаҳо, беморон, солмандон ва захмиёнанд. Барои он ки заъифон ошкор нашаванд, бо ҳам бошед ва парешон нашавед. Бояд ба чор тараф доим нигаред ва ба ин роҳ надиҳед, ки гургон ногаҳонӣ ҳамла кунанд. 

Чуноне гуфтем, гургон аввалатар аз ҳама заъифонро шикор мекунанд ва вақти ҳамла бештар аз дигарон хатари туъмаи гург шудани тифлон бештар аст. Аз ин рӯ, тифлонро дар ин гуна ҳолатҳо беназорат нагузоред. 

Бошгоҳро чӣ гуна бояд бехатар кард?

Оташ афрӯзед. Агар гургон дар атрофи бошгоҳи харобаи шумо ҷой гирифтаанд, оташи пурдуд афрӯзед, то онҳо дар масофаи дуртар аз шумо қарор гиранд. Ба оташ баргҳои сабз ва шохаҳои тари дарахтонро партоед, то ки дуди бештар дошта бошад.  Талош кунед, ки бод бештар дудро ба тарафи гургон барад. Гурнгон оташ ва дудро дӯст намедоранд ва онро хатар ба ҷони худ медонанд.  Ба ҳадде, ки оташ гургони солмандро водор ба он мекунад, ки бошгоҳи дигар ҷӯянд ва боз дар ҳоле агар модина хатаре ба насли ояндаи худ эҳсос намояд.

Бештар шӯру мағал кунед.  Гургон аз он уллос мекашанд, ки ҳақи худ дар қаламравро тайид кунанд. Аз ин рӯ шӯру мағалро ба он маъно хоҳанд донист, ки ин қаламрав банд аст ва соҳиб дорад. Агар шумо чандин нафаред, пас баробар ва бо садои баланд доду фарёд кунед.

Ба уллоси гургон тақлид накунед, чун ин метавонад таваҷҷӯҳи онҳоро ҷалб кунад. Гургони танҳо ба он хотир уллос мекашанд, ки донанд аъзои гала дар куҷоянд ва ҳолате ҳам будааст, ки гургон ба уллоси тақлидии инсон ҳозир шудаву ба одамон ҳамла кардаанд.


Масли
ҳатҳо

Гурги танҳо гумон аст аз пеш ҳамла кунад, ҳамлаи гургона ҳамеша аз пас аст. Бахусус онҳо ба одамони бузургҷусса аслан ҳамла намекунанд. Аз ин рӯ қомати худро баланд гиред: дастонатонро паҳн кунед, ашёи калонро дар даст дошта бошеду онро авлонҷ диҳед. Табиатан гургон аз одамон метарсанд.

Агар ба гугон дучор омадед, нагурезед, зеро гургон ғаризаи таъқиби сайди дар ҳоли фирорро доранд.

Агар ба маҳалле меравед, ки медонед он ҷо гургон муқиманд, талош кунед хислати онҳоро донед, ҳар қадар дар бораи онҳо зиёдтар донед, имкони зинда мондатантон аз ҳамлаҳои гургона зиёд аст.

Гургон насли худро басо дӯст медоранд ва хуш надоранд, ки ба гургбачаҳои онҳо касе даст расонад. Гургон ҳатто метавонанд гургбачаҳоро баъди иртиботашон бо инсон раҳо кунанд ва аз галаи худ ронанд. Агар шумо гургбачаро дидед, ҳаргиз ба вай наздик нашавед!

Фикр накунед, ки гург ба мисли саг аст. На, ҷоғи гург аз ҷоғи саг ба маротиб пурқувваттар аст.

Аз гург чашм наканед, вале ҳеч вақт РОСТ БА ЧАШМОНАШ НИГОҲ НАКУНЕД! Ин метавонад сабаби хашми вай шавад.

Танҳо ба сафар набароед. Вақте одамон гурӯҳӣ сафар мекунанд, имкони бештари пирӯзӣ бар галаи гургон доранд.

Гургон низ чун дигар дарандагон хеле эҳтиёткоранд ва ба хотири ғизо ҷони худро ба хатар намеандозанд. Агар бинанд, ки шумо барояш як сайди хатарнокед, худро пас мекашанд ва ба роҳи худ мераванд.

Агар ба гурги хобида рӯ ба рӯ омадед, оҳиста ва бе ягон мағал аз вай дур шавед. Ҳеч вақт ба он наздик нашавед. Дар ёд дошта бошед, ки дар назди шумо даранда хобидааст ва амали вай пешгӯинашаванда аст. Метавонад ногаҳон ба шумо даруфтад! 

Агар шуморо гург газид, пас фавран бояд ба бемористон равед. Талаб кунед, ки на танҳо захмро даво кунанд, балки ташхиси ҳорӣ низ гузаронанд. 

Аг галаи гургон фирор накунед. Бо ҳам бошед, бачаҳо ва пирсолонро дар миёна гиред. Ба сӯи онҳо сангпартоӣ кунед, баланд садо занед, мағал бардоред 

Ба гург ғизо надиҳед! Агар гургонро сер кардед, онҳо одат мекунанд ва дигар аз одамон наметарсанд. Гурге, ки аз дасти одам ғизо мехӯрад, билохира ба вай дармеуфтад, чун дигар ҳисси тарс аз инсон аз ӯ гум мешавад.