Ширкат дар шанбегии умумишаҳрӣ

Дар доираи барномаҳои ҷашни баҳору Наврӯз дар шаҳри Душанбе шанбегии умумӣ баргузор шуд. Дар ин маъракаи муҳим ба хотири истиқболи шоиставу сазовор аз вуруди Наврӯзи дилафрӯз ҳамаи корхонаву муассисаҳои пойтахти кишвар фаъолона ширкат карданд ва дар тозагиву низофати шаҳрамон саҳм гирфитанд.

Аз ҷумла, кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ин маъракаи умумишаҳрӣ дур намонданд.

Ҳайати шахсӣ ба чандин гуруҳ тақсим шуда, атрофи бинои Кумитаро аз партовҳо тоза карданд, баргҳои хушк ва шохаҳои афтодаро бардоштанд, пояҳои дарахтонро сафед карданд. 

Аслан гузаронидани ин гуна шанбегиҳо ба ҳукми анъана даромадаву бо ин васила атрофу акноф поку озода мешаванд. Поккорӣ ин худ иқдомест шоиста ва бояд инсонҳо дар чорчӯбаи ҳамин низофату покӣ зиндагии худро ба роҳ монанд. Покӣ зояндаи солимист.

барчасп: