Вохурии судманд дар Раёсати КҲФ дар шаҳри Душанбе

Дар асоси Нақшаи чорабиниҳои Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар шаҳри Душанбе оид ба иҷрои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи андешидани тадбирҳо ҷиҳати амалӣ намудани ташаббуси  чоруми  ҷаҳонӣ  дар соҳаи об - Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” як қатор чорабиниҳо амалӣ шуда истодааст.  

Аз ҷумла, 15 марти соли 2019 бо ҳайати шахсии Раёсат ва воҳидҳои сохтории бо намояндаи Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корезӣ Душанбе” Ҳакимов Хуршед - сардори департаменти обътаминкунӣ ва  намояндаи Маркази назорати давлатии санитарӣ-эпидемемилогии шаҳри Душанбе Раҷабзода Дилшод –сардори  шӯъбаи гигиенаи меҳнат ва саноат вохӯрӣ ташкил ва гузаронида шуд.

Дар вохӯрӣ меҳмонон оид ба амалишавии вазифаҳои дар пешгузошташуда маълумоти муфассал пешниҳод намуданд. 

барчасп: