Ширкати кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда дар дави ҷумҳуриявӣ ва пойга бо дучарха

16 марти соли равон дар шаҳри Душанбе дави ҷумҳуриявӣ ва пойга бо дучарха баргузор шуд, ки дар он кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ширкат карданд.

Ин чорабинӣ ба шарафи фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз роҳандозӣ шуд. Ҳадафи аслии ин мусобиқаи варзишӣ таблиғи тарзи ҳаёти солим, рушди варзиш ва ҷалби оммаи васеъи мардум ба он аст.

барчасп: