Наҷоти ҷавонзане, ки худро ба дарёи Сир андохта буд

Ба дастаи наҷоти вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд муяссар гардид, ки сокини 32-солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилоятро, ки мехост худро ба дарёи Сир андозад, наҷот диҳанд.

Ин ҳодиса дар қаламрави шаҳри Хуҷанд рух додааст. Ҷавонзани 32-сола хостааст худро дар дарё андозад ва худкушӣ кунад. Дар бораи сабабҳои ба ин амали носавоб даст задани ҷавонзан маълумоте дар даст нест. Ҳоло кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ки наҷотбахшон хонумро баъди наҷот ба онҳо супурдаанд, саргарми омӯзиши қазияанд. 

Бояд қайд кард, ки ин гуна ҳодисаҳо аввалин бор рух надодаанд, борҳо ба кормандони хадамоти наҷот ва воҳидҳои вокуниши сареъи Кумита муяссар шудааст, ки бонувону ҷавонмардонеро, ки бо сабабҳои гуногун мехоҳанд даст ба худкушӣ зананд, наҷот диҳанд.

 Аммо ҳаёт як бор аст ва бояд ба қадри он расид. Бо худкушӣ мушкили инсон осон намешавад ва агар фаразан ӯ тарки олам кард, даҳҳо тан аз пайвандонро дар суг менишонад. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда аз сокинони кишвар хоҳиш мекунад бо ҳам меҳрубон бошанд, аз ҳоли якдигар бохабар шаванд, ба ҳамдигар дасти ёрӣ дароз кунанд. Чун аксаран инсонҳо замоне тасмим ба худкушӣ мегиранд, ки танҳоиро ҳисс мекунанд. Танҳоӣ хеле мушкил аст ва роҳи ягонаи раҳоӣ аз он бо ҳам будану бо ҳам сохтан аст!

барчасп: