Кумитаи ҳолатҳои фавқулдодда ҳушдор медиҳад: Боришот метавонад сабабгори нохушиҳо шавад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғарқи оби канал шудани духтарчаи дусола ва беназоратии волидон изҳори нигаронӣ мекунад. Кумита ба ин назар аст, ки боришоти пайваста дар гӯшаву канори кишвар метавонад сабабгори рух задани ҳодисаҳои нохӯш шавад. Аввали баҳор рӯзҳои сербориши соланд ва шаҳрвандонро лозим аст дар чунин рӯзҳо хеле эҳтиёткор бошанд. Бахусус онҳое, ки майли саҳро мекунанд ва ё аз роҳҳои куҳӣ ба сафар мебароянд.

Бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар то охири ҳафта ҳавои номусоиду сербориш боқӣ мемонад. Дар манотиқи куҳии кишвар борон шиддат мегирад, омади сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо истисно нест. Дар роҳҳои куҳӣ лағзиши тарма низ эҳтимол дорад. 

Шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар куҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.

Ғайр аз ин боронҳои пайдарпай боранда метавонанд якбора сатҳи об дар рӯдхонаҳои манотиқи баланкуҳ ва тезҷараёнро боло баранд. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзорҳо ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст.

Мутаассифона, сокинони кишвар на ҳамеша қоидаҳои бехатариро риоя менамоянд, дар баъзе ҳолатҳо волидон ба фарзандонашон аҳамият намедиҳанд. Рӯзе қабл бар асари ҳамин гуна бепарвоӣ дар яке аз ноҳияҳои кишвар духтарчаи дусола дар оби канали назди русто ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст. 

Дар иртибот ба ин Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надиҳанд.

Бачаҳоро беназорат нагузоред ва агар шумо дар куҳед ва ё назди махзани об, ҳатман қоидаҳои бехтариро риояи намоед!

 

барчасп: