Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати миллии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.
Зарфи як ҳафтаи оянда наҷотдиҳандагони КҲФ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ усулҳои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот бо истифода аз як силсила таҷҳизотҳо ва воситаҳои ҳимояи шахсиро тамрин мекунанд. Дарсҳо бо дастгирии Сафорати Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ ва аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Британияи Кабир гузаронида мешавад.
Дарси омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст.
Ин шакли дарс имкон медиҳад, ки мутахассисон аз таҷрибаҳои якдигар низ омӯзанд.