Роҳҳои Душанбе – Айнӣ, Хоруғ – Ишкошим муваққатан бастаанд. Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ҳушдор медиҳад!

Боришҳои пуршиддат, ки тайи чанд рӯзи охир ноҳияҳои кӯҳии кишварро фаро гирифтанд, хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳиро зиёд кардаанд. Вазъ бахусус дар роҳҳои мошингарди  Душанбе - Тоҷикобод,  Душанбе - Айнӣ, Хоруғ – Ишкошим шадидтар аст. Роҳҳои Душанбе-Айнӣ ва Хоруғ – Ишкошим муваққатан бастаанд.

Чунончӣ, шаби гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рушон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ, ноҳияҳои Тоҷикобод ва Варзоб 76 ҳолати лағзиши тарма ба қайд гирифта шуд. 

Барои тоза кардани роҳҳои масдудшуда хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва  «IRS» дастбакор шуданд ва техникаи махсуси барфрӯбӣ ҷудо карданд, ки роҳҳоро аз барфтӯдаҳо пок мекунанд.   

Барои таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани кумакҳои фаврӣ дар ҳолатҳои фавқулодда дар қитъаҳои гуногуни роҳҳо наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимиву ҳамешагӣ навбатдорӣ мекунанд. 

Дар иртибот ба тағйири боду ҳаво, борону барфҳои пуршиддат ва афзудани хатари лағзиши тарма Кумита бори дигар аз аҳолӣ ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад хеле эҳтиёткор бошанд. Аз сафарҳои безарурат бо роҳҳои кӯҳӣ ва тармарезу сангрез муваққатан худдорӣ намоянд. 

Ёдовар мешавем, ки дар ҳоли ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда дар ин ё он қитъаи роҳи кишвар шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои қисми навбатдории КҲФ:

93 880 28 19;
221-91-19;
223-13-11.
занг зананд.

барчасп: