25-уми марти соли 2019 ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занги телефонӣ расид. Сокини ваҳшатзадаи ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хабар дод, ки фарзандони вай субҳи бармаҳал ба кӯҳ рафтаву то ҳол барнагаштаанд. Ин модари парешон мегуфт, ки аз сарнавишти ҷигарбандонаш нигарон аст, чун ба зангҳои телефонии ӯ низ посухе аз онҳо намерасад.
Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаво барои истироҳат дар домани табиат мусоид мешавад. Ин аст, ки бисёре аз сокинони шаҳрҳо озими доманкуҳҳо ва соҳили дарёву рудхонаҳо мешаванд, то соатеро бо табиати зебо, дар оғӯши сабзаҳои навдамидаву гулҳои навшукуфта гузаронанд. Сайругашти наврӯзӣ яке аз суннатҳои аслии Наврӯз аст, ки маъмулан дар дашту даман сурат мегирад. Худи фалсафаи Наврӯз ба ҳамин ишора мекунад, яъне инсонҳо аз хонаҳо бадар раванд ва худро лаҳазоте дар табиати афсункор бинанд.
Аммо боз ҳам мутаассифона, на ҳама метавонад маҳалли истироҳату фароғати худро дуруст интихоб кунанд ва эътино накардан ба ин баъзан муҷиби фалокатҳое мешавад, ки на ҳамеша аз фоҷеаи он мешавад пешгирӣ кард.
25-уми марти соли 2019 ба навбатдории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукуумати Ҷумҳурии Тоҷикистон занги телефонӣ расид. Сокини ваҳшатзадаи ҷамоати Оқсӯи ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон хабар дод, ки фарзандони вай субҳи бармаҳал ба кӯҳ рафтаву то ҳол барнагаштаанд. Ин модари парешон мегуфт, ки аз сарнавишти ҷигарбандонаш нигарон аст, чун ба зангҳои телефонии ӯ низ посухе аз онҳо намерасад.
Баъди дарёфти ин хабар наҷотдиҳандагони воҳиди вокуниши сареъи КҲФ дар шаҳри Кӯлоб фавран ба ҷойи ҳодиса расиданд. Наҷотдиҳандагон бачаҳои ин хонумро пайдо карданд. Маълум шуд, ки онҳо дар баландии 80-100 метр мавзеъи куҳӣ ҷой гирифтаанд ва ин макон дар наздикии рустои Иғони ноҳияи Данғара мебошад.
Се ҷавонписар, ки ду нафари онҳо ноболиғони 12-13 сола будаанд, хостаанд ба баландии кӯҳ боло шаванд, вале баъдан натавонистаанд мустақилона поин оянд.
Наҷотдиҳандагон бо ёрии таҷҳизоти кӯҳгардӣ онҳоро аз болои ба поин оварданд. Ба саломатиашон чизе таҳдид намекард, бачаҳо каме тарсида буданд.
Дар иртибот ба ҳамин рӯйдод КҲФ ба сокинон хотиррасон мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд. Қоидаҳои бехатарии кӯҳбароӣ ва сайругашт дар мавзеъҳои куҳиро риоя намоянд. Агар шумо мехоҳед кӯҳ бароед, пас бо худ ҳатман телефоне гиред, ки фаъол бошад, либосҳои гарм дошта бошед, чун баландиҳо ҳоло ҳам ҳавои сард доранд, ҳамчунин бо худ гирифтани об ва ғизо басо зарур аст.
Дар ҳоли рӯ ба рӯ шудан ба ин ё он ҳолати фавқулодда шаҳрвандони кишвар метавонанд то белефонҳои қисми навбатдорӣ:
221 13 31;
221 19 91
ва ё
93 880 23 16
муроҷиат намоянд.