Сабти 48 ҳодисаи лағзиши тарма дар роҳҳои кишвар зарфи як шабонарӯзи гузашта

Тибқи маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон хатари лағзиши тарма дар роҳҳои кӯҳии мамлакат боқӣ мондааст. Зарфи шабонарӯзи гузашта дар қаламрави ноҳияҳои Рушон, Роштқалъа, Шуғнон ва Ишкошими ВМКБ  44 ҳодисаи фаромадани тарма ба қайд гирифта шуд. Сокинони ноҳияи Тоҷикобод бошанд шоҳиди чор ҳодисаи лағзиши тарма шуданд.

Навбатдории шабонарӯзии наҷотдиҳандагони дастаи вокуниши сареъи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Ҳадаф аз ин таъмини бехатарии ронандагон дар роҳҳо ва расонидани ёриҳои фаврии аввлаин дар ҳолатҳои фавқулодаа мебошад.

Барои гузаронидани корҳои бартарафсозии оқибатҳои лағзиши тарма ва тоза намудани роҳҳои мошингард аз ҷониби хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт ва хадамоти роҳи  «IRS» техникаи махсус ҷудо карда шудааст, ки пайваста саргарми поксозии масири ҳаракати мошинҳо аз ғарами барфҳо мебошанд. 

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражаднии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар аз аҳолии мамлакат ва меҳмонони кишвар хоҳиш мекунад аз сафарҳои бидуни зарурат ба маҳалҳои тармахез ва роҳҳои мушкилгузари кӯҳӣ худдорӣ намоянд.

Ҳангоми сафар ронандагонро лозим меояд ҳама қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Дониста бошед: ШИТОБ ДАР ЧУНИН РОҲҲО ОМИЛИ АСЛИИ ХАТАР БА ҶОНИ ШУМО ВА ҲАМСАФАРОНИ ШУМОСТ!!!

барчасп: