Комиссияи ҳолатҳои фавқулодда ҳаҷми зарари расида аз офатҳои табиӣ дар Нурободро муайян кард
Чоп шуд: 22/05/2024 | admin21 майи соли 2024 гурӯҳи кории Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷо бо Комиссияи ҳолатҳои фавқулодаи ноҳияи Нуробод муайян кард, ки аз офатҳои табиии рӯзҳои охир 77 оила зарар дидаанд. Аз ҷумла, 8 хоҷагӣ пурра, 4 хоҷагӣ қисман ва ба 23 иншооти ёрирасон низ осеб арсидааст.
Бо ёрии 1 адад техникаи муҳандисӣ дар тӯли 2 км роҳ аз соҳили дарёи Сурхоб то деҳаи Яхак ҳамвор карда шуд. Ҳамчунин бо иштироки 280 сокини деҳа хашар ташкил карда шуда, кӯчаҳо ва роҳҳо аз гилу лой тоза карда шуд.