Хабарҳои рӯзи гузашта. Ярч дар Файзобод 31 сар чорвои калонро ҳалок кард
Чоп шуд: 25/05/2023 | redaktorБар асари боронҳои пуршиддат дар қаламрави кишвар омадани селҳо ва ярч ба қайд гирифт ашуд. Талафоти ҷонӣ нест. Чунончӣ, 24 майи соли 2023 сооати 14:50 дақиқаи вақти маҳаллӣ дар натиҷаи борони пуршиддат ва резиши жола дар ҳудуди деҳаҳои Чашмасор, Тилло Солеҳов ва Оҳуҷари ҷамоати деҳоти Ҳасан Ҳусейнови ноҳияи Ёвон сел омад. Дар натиҷа қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон ва зироати кишоварзӣ зери об монд.