Кормандони КҲФ бо мақсади аз кӯдакӣ ташаккул додани малакаҳои амалӣ оид ба амал кардан дар ҳолатҳои фавқулоддаи вобаста ба заминларза дар тамоми муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ чорабиниҳои омӯзишӣ мегузаронанд.
Чунончӣ, давоми ду рӯз дар 7 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бохтари вилояти Хатлон аз ҷониби кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон дар мавзӯи: «Омода намудани хонандагон ба амалҳои дуруст дар ҳолатҳои фавқулоддаи марбут ба заминларза” дарсҳои амалӣ ташкил ва гузаронида шуд. Дар машғулиятҳо муаллимон ва хонандагони ин мактабҳо иштирок доштанд.
Ба иштирокчиёни чорабинӣ – омӯзгорон, хонандагон ва волидони онҳо таҷҳизоти наҷотдиҳии фаврӣ, ки дар системаи КҲФ мавҷуд аст, дода шуд. Наҷотдиҳандагони Раёсат Хатлон усулҳои кори таҷҳизоти наҷотро дар амал нишон доданд.
Ғайр аз ин ба иштироккунандагон мафҳуми зилзила, ҳолатҳои фавқулодаи вобаста ба заминҷунбй шарҳ дода шуд. Ҳамчунин дар бораи зилзилаҳои бузургу харобиовар дар таърихи башар ва заминҷунбиҳое, ки дар ҳудуди ҷумҳурии мо дар солҳои гуногун рух доданд, маълумот доданд.
Ба хонандагон амалан маконҳои бехатар дар вақти заминларзаро нишон доданд ва дар поёни нишаст буклетҳо ва китобчаҳои таблиғотӣ тақсим намуданд