23 майи соли равон дар саҳифаи иҷтимоии Фейсбук хабаре ҷо дода шуд, ки муаллифи он барои наҷоти ҷони як саг, ки дар ҷазирачае дар рӯди Варзоб мондаву имкони берун рафтан аз онро надорад, даъват мекард. Бо дарёфти хабар наҷотдиҳандагони Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба ҷойи ҳодиса равон шуданд.
Сокинони маҳаллӣ аз он дар изтироб буданд, ки ин саги бедифоъ аз ин қитъа замини бо об иҳоташуда чӣ гуна худро раҳо мекунад. Сокинон гуфтанд, ки ин чорумин шабонарӯз аст, ки саг он ҷост.
Имдодгарон ба ҷойи ҳодиса расида, бо ёрии заврақ ва таҷҳизоти махсус даст ба амалиёти наҷот заданд. Ҷараёни тези об кори имдодгаронро ба мушкил рӯбарӯ мекард.
Ин буд, ки он муддати ду соат талош краданд ҳайвони безабонро беосеби ҷисмонӣ наҷот диҳад ва дар заврақ ба соҳил оранд.