Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон

Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ҳамасола 23 май дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Рӯзи ҷавонон ҷашн гирифта мешавад.

Бахшида ба ин ид дар Кумита ва воҳидҳои он низ як қатор чорабиниҳо гузаронида шуданд.

Чунончӣ, дар яке аз қисмҳои низомии КҲФ, воқеъ дар ҳудуди ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон, барои сарбозон барномаи идона, аз ҷумла ҷамъомади тантанавӣ, хӯроки нисфирӯзӣ ва барномаи фарҳангӣ  ташкил шуд, ки дар боғи ноҳиявӣ баргузор гардид.

Илова бар ин, дар доираи таҷлили Рӯзи ҷавонон Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон байни кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии ноҳия мусобиқаи футболи хурд баргузор намуд, ки дар он кормандони қисми ҳарбии КҲФ иштирок доштанд. Дар байни 9 дастае, ки дар мусобиқа ширкат доштанд, дастаи қисми ҳарбии КҲФ соҳиби ҷоизаи сеюм гардид.

 

барчасп: